11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав: муҳоҷирони боздоштшуда озод шуданд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши иттилоияе дар саҳифаи фейсбукии худ, аз озодшавии муҳоҷирони тоҷик, ки 20 май дар шаҳраки Котелникии вилояти Москва боздошт шуда буданд, . 

“Сафорат аз ҳолати баргузории амалиёте, ки санаи 20 майи соли 2023, дар минтақаи Котелникии вилояти Москва аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат баргузор гардида буд, дар ҷараён аст” омадааст дар ин иттилоия.

Дар идома гуфта мешавад “шаҳрвандони боздоштшуда пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳои будубошашон аз шӯъбаи корҳои дохилии ин минтақа озод шудаанд”.

Дар ҳамин ҳол сафорат дар бораи сабаби боздошт, шумори боздоштшудагон чизе нагуфта ва ба ин иддаоҳо, ки муҳоҷирон дар боздоштгоҳ латукӯб ва шиканҷа шуда буданд, посухе надодааст.  

Чанд рӯзи охир мавҷи таъқиб ва саркӯби шадиди муҳоҷирон дар манотиқи Русия роҳ афтодааст. Рӯзи 19-уми май дар минтақаи Хабаровск, воқеъ дар шарқи Русия беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯйи нерӯҳои вижа шадидан шуданд. Дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол ба хобгоҳи ин донишгоҳ бидуни огоҳӣ юриш бурда, муҳоҷирони тоҷикро, ки беш аз сад нафар будаанд, зери мушту лагад ва чӯбдаст гирифтанд. 

Шаби 21 ба 22 май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав беш аз сесад зодаи Тоҷикистон боздошт ва тамоми шаб дар боздоштгоҳ нигоҳдориву таҳқир шуданд. Субҳ бо ихроҷи беш аз сӣ нафар, боқиро, ки аксар шаҳрвандони Русия буданд, озод карданд. 

Ду рӯз пас ҳамлаи дигарбора ба ин шаҳрак, ки тоҷикони зиёде онҷо истиқомат доранд, аз сар гирифта шуд ва ин дафъа беш аз 100 нафар боздошт шуданд. Гуфта мешавад, ин дафъа гурӯҳи саднафараи тоҷикон аз сохтмоне марбут ба “Газпром” бурда шуда ва аксари кулли онҳо шаҳрвандони Русия будаанд. Дар идораи пулис онҳоро маҷбур ба нишасту хез намуда, ҳамчунин дашному таҳқирҳои зиёде кардаанд. Ба суоли ин шаҳрвандони Русия, ки бо чи гуноҳе боздошт шудаанд, маъмурони пулис посух додаанд, ки гуноҳашон тоҷик буданашон аст.  

Дар вокуниш ба ин боздоштҳо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо як ҷуръати бесобиқа рӯзи 24 май Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро эҳзор кард нигаронии ҷониби Тоҷикистон аз боздоштҳои дастаҷамъонаи шаҳрвандонаш расонид.

Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳам бо ирсоли нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз ӯ хост ба қазияи латукӯби донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии шаҳри Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск дахолат карда, ба тафтиши холисонаи ҳодиса мусоидат намояд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *