Байден ва Си беш аз ду соат телефонӣ гуфтугӯ карданд
Байден, раисҷумҳури Амрико ва Си Тзинпин, раисҷумҳури Чин беш аз ду соат телефонӣ дар бораи ояндаи равобити ду кишвар гуфтугӯ карданд. Ин панҷумин гуфтугӯи Байден бо Си Тзинпин аз замони ҳузур дар Кохи Сафед аст.
Ин гуфтугӯ дар ҳоле рух дод, ки Байден ба думболи ёфтани роҳҳои наве барои ҳамкорӣ бо ин қудрати дар ҳоли рушди ҷаҳонӣ ва ҳамчунин роҳбурдҳое барои пешгирии нуфузи Чин дар саросари ҷаҳон аст.
Раҳбарони ду кишвар дар бораи шуморе аз масоили ҷаҳонӣ монанди рукуд иқтисодии пеши рӯйи ҷаҳон, таъсироти таҳоҷуми Русия ва идомаи ҳамагирии Ковид баҳс ва табодули назар карданд.
Си дар ин гуфтугӯ ба Амрико дар бораи Тайван ҳушдор дод ва онро “бозӣ бо оташ” тавсиф кард.
Аз сӯи дигар тибқи гузориши Кохи сафед Байден дар ин гуфтугӯ таъкид карда, ки сиёсати Иёлоти муттаҳида дар қиболи Тайван тағйир накардааст ва Амрико ба шиддат бо талошҳои якҷониба барои тағйири вазъияти мавҷуд ё тазъифи сулҳу субот дар ин ҷазира мухолиф аст.
Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико қасд дорад ба зудӣ ба Тайван сафар кунад. Агар ин сафар муҳаққақ шавад, вай болотарин мақоми амрикоӣ аз соли 1997 хоҳад буд, ки ба ин ҷазира сафар мекунад. Нют Гингричи ҷумҳурихоҳ дар соли 1997 замоне, ки раиси Маҷлиси намояндагони Амрико буд ба Тайван рафт.
Бо ин ҳол Ҷо Байден ҳафтаи гузашта дар посух ба саволе дар бораи сафари эҳтимолии Нэнси Пелоси ба Тайван гуфт: “артиши Амрико фикр мекунад, ки ин идеяи хубе нест.”
Тибқи навиштаи расонаҳои давлатии Чин, Си имрӯз ба Байден гуфтааст, ки Иёлоти муттаҳида бояд аз “асли Чини воҳид” табаият кунад. Вай таъкид кард, ки Чин қотеъона бо истиқлоли Тайван ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ мухолиф аст.
Тибқи ин гузориш, раисҷумҳури Чин ба ҳамтои амрикоии худ гуфтааст: “касоне, ки бо оташ бозӣ мекунанд танҳо месӯзанд. Умедворем тарафи америкоӣ дар ин маврид шаффофият дошта бошад ва ба асли Чини воҳид эҳтиром бигузорад.”
Як мақоми давлатии Амрико: Байден ва Си дар ҳоли баррасии мулоқоти ҳузурӣ ҳастанд
Як мақоми аршади давлати Байден низ дар бораи ҷузиёти ин гуфтугӯ гуфт, ки Байден ва Си дар ҳоли баррасии мулоқоти ҳузурӣ ҳастанд.
Тибқи гузориши Ассошиэйтед Пресс ин мақом, ки номаш унвон нашудааст гуфт, ки Байден ин тамоси телефониро аз утоқи маъруфи байзӣ анҷом дод ва дастёрони аршадаш аз ҷумла Энтони Блинкен, вазири умури хориҷа ба ӯ пайвастанд.
Чжао Лиҷян, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин дар авоили ин ҳафта ба хабарнигорон гуфта буд, ки агар Иёлоти муттаҳида бар идомаи масири худ пофишорӣ кунад, қатъан бо вокунишҳои қотеъона рӯ ба рӯ мешавад ва тамоми авоқиби ношӣ аз он бар ӯҳдаи Амрико хоҳад буд.”
Ҷон Кёрби, сухангӯи шӯрои амнияти миллии Кохи сафед рӯзи чаҳоршанбе дар нишасте дар Кохи сафед ба хабарнигорон гуфт: “раисҷумҳур мехоҳад мутмаин шавад, ки хутути иртиботе бо Си ҳамчунон боз аст, чаро, ки онҳо ба ин мавзӯъ ниёз доранд.”
Вай таъкид кард масоиле вуҷуд дорад, ки Амрико метавонад дар мавриди онҳо бо Чин ҳамкорӣ кунад ва масоиле низ вуҷуд дорад, ки ошкоро боиси таниш мешавад.
Байден ва Си охирин бор дар моҳи марти гузашта ва чандин рӯз пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин сӯҳбат карда буданд.