11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Вокуниш”-и масхараи Додситонии кул: мухолифон аз ҷинояткорони Бадахшон ”мусичаи бегуноҳ” натарошанд

Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши баёнияе хабару мақолаҳоеро, ки дар расонаҳои ба қавли додситонӣ “мухолифони сиёсии дар кишварҳои аврупо қарордошта” дар бораи фаъолони боздоштшудаи бадахшонӣ нашр мешаванд “иғвоангез” номид. Ин ниҳод мутмаъин аст, ки фаъолони бадахшонӣ “роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ” буданд, ки мувофиқи чиноятҳояшон ҷазо гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол, худи фаъолони маҳкумшудаи бадахшонӣ ва ҳам наздикони онҳо мегӯянд тамоми иттиҳомот алайҳи онҳо сохтаву бофтаи мақомот аст.

Додситонӣ ҳарфе наве дар ин баёнияаш нагуфтааст. Бо “роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ” хондани журналист ва фаъоли ҷамъиятӣ Улфатхоним Мамадшоева ва вакили дифоъу собиқ номзади номнависнашуда ба мақоми раёсатҷумҳурӣ Фаромӯз Иргашов ва дигар фаъолони Бадахшон, ин ниҳод гуфтааст мухолифон “онҳоро “мусичаи бегуноҳ” мепиндоранд” аммо дар асл онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои зиёде, (ки рӯйхати тӯлониашро ҳам овардааст,) таҳти тафтиш қарор гирифта, парвандаҳояшон ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Дар идома Додситонии кулл иттиҳомоти бахше аз ин фаъолонро зикр мекунад ва мегӯяд Додгоҳи Олии Тоҷикистон онҳоро дар содир кардани чунин ҷиноятҳо гунаҳкор донистааст: 

Мамадшоева Улфатхоним — барои ҷалб ва ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, одамкушӣ ва сӯйиқасд ба он, терроризм, маблағгузорӣ барои гайриқонунӣ соҳиб шудан ва ба дигарон додани лавозимоти ҷангӣ ва яроқи оташфишон, хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ; 

Муборакшоён Музаффар Толиб барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ; 

Иргашов Фаромӯз Иргашович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, сӯйиқасд ба одамкушӣ, терроризм ва ташкили фаъолияти ифротгароӣ; 

Ҷумаев Хушрӯз Ғуломалиевич барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ; 

Мамадшоев Хурсанд Махсумович ва Холиқназаров Манучеҳр Соҳибназарович барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ. 

Дар натиҷа ба гуфтаи додситонӣ, “Иргашов Ф.И. ва Муборакшоён М.Т. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 29 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Мамадшоева У.М. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 20 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, ба Холиқназаров М.С. ва Мамадшоев Х.М. аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои 16 солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба Ҷумъаев Х.Ғ. ҷазои 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ” маҳкум шудаанд.

Додситонии кулл ин баёнияашро “вокуниш” ном ниҳода, аммо ба ҷуз ҳамон ҳарфҳои кӯҳна, ки худи додситонӣ ба онҳо чи иттиҳомоте баста буду додгоҳ ҳамин ин иттиҳомотро бидуни шавоҳид ва ҳузури хабарнигорону созмонҳои ҳуқуқӣ куллан тасдиқ кард, чизи наве нагуфтааст.

Ин “вокуниш”-и бемаънии додситонӣ ва иддаъои “мусичаи бегуноҳ” набудани фаъолони бадахшонӣ дар ҳолест, худи фаъолон, наздикони онҳо, созмонҳои ҳуқуқӣ — чи дохилӣ ва чи байналмиллалӣ парвандаро комилан сиёсӣ медонанд ва ҳамаи иттиҳомоти додситониро сохтаву дурӯғ меноманд. 

Бо вуҷуди пахши чанд филм дар бораи “ҷиноятҳо”-и фаъолони Бадахшон, мақомоти тафтишотӣ ҳеҷ далели дархӯре ба “ҷиноёт”-и онҳо ироа накардаанд. Баръакс ин филмҳои ғайрикасбиву бемӯҳтаво ва мурофиъаҳои масхараи додгоҳӣ собит карданд, ки ҳамаи иттиҳомоти мақомот сохтаву бофтаи худи онҳост. 

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *