Чин дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ месозад?
Вазорати дифои Амрико зикр кардааст, ки эҳтимол Чин мехоҳад, дар Тоҷикистон барои истиқрори нирӯҳояш пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ менависад, ки ин даъворо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бепоя хондааст.
Амриё Бобоев, муовини сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, Тоҷикистон бо Чин дар бораи истиқрори пойгоҳи низомии Чин ягон музокирот доир накардааст ва ин маълумот воқеият надорад.
Дар матни гузориши солонаи Пентагон, ки ба унвонии Конгресс навишта шудааст, омадааст, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин ба эҳтимоли зиёд барои Артиши озодихоҳи мардумӣ дар хоки Мянмар, Тайланд, Сингапур, Индонезия, Покистон, Шри-Ланка, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кения, Сейшел, Танзания, Ангола ва Тоҷикистон макони ҷойгиркунии муассисаҳои лоҷистикӣ бунёд кардан мехоҳад.»
Дар гузориш омадааст, Пекин дорои нирӯҳои баҳрии азимтарин буда, тавони қавӣ барои сохтани киштиҳоро дорад.
Айни замон Тоҷикистон макони истиқрори 7 ҳазор нирӯи низомии Русия аст. Русия дар робита бо зикр шудани Тоҷикистон дар гузориши Пентагон расман изҳори назар накардааст. Ҳамчунон мавқеи мақомоти тоҷик ба ин гузориш маълум нест.
Вале моҳи феврали соли 2019 рӯзномаи , ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар чандкилометрии марзи Чин, се сол аст, ки пойгоҳи низомии махфии Чин вуҷуд дорад.
Он замон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иттилоъро рад кард ва гуфт, ин як посгоҳи марзӣ аст, ки дар қаламрави Чин қарор дорад.
Чин дар гузашта дар бахши низомии Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст. Аз ҷумла, соли 2016 бо 19 миллион доллар Чин дар Душанбе Кохи Афсарон сохт. Ҳамчунин барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, ки тақрибан 1400 километр дарозӣ дорад, бурсия ихтисос дода шуд.
Бар асоси он, дар ин марзҳо бунёди се дафтари фармондеҳӣ, чаҳор дидбонгоҳи марзӣ, чаҳор посгоҳ ва як маркази таълимӣ дар назар гирифта шуд. Ба ҷуз аз ин, моҳи ноябри соли 2019 дар Душанбе бо пуштибонии молии Чин Маркази мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ боз гардид.