11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз сатҳи баргузории интихобот дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона сурат бигирад.

Дар баёнияи расмие, ки Питер Стано — сухангӯи Идораи равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо нашр кард, омадааст, бо вуҷуди онки интихобот орому муназзам сурат гирифт, вале чанде аз тавсияҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки интихоботи порлумонии моҳи мартро назорат карданд, аз ҷумла дар робита ба муҳити матбуот ва дигарандешии сиёсиро иҷроношуда мондаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 11-уми октябр 90.92 дар сади раъйи мардумро ба даст оварда, пирӯз шудааст. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссия рӯзи 12-уми октябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе бо эълони натиҷаҳои пешакии интихобот гуфт, ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон бештар аз 3 миллиону 837 ҳазор нафар раъй додаанд.

Дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 12-уми октябр нашр шуд, омадааст, “Талошҳои чашмгире зарур аст, то ки ҷараёни интихобот бо уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дигар уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои як интихоботи демократӣ мутобиқ карда шавад.” Дар баёния аз ҷумла ба зарурати озодии матбуот барои инъикоси холисонаи таҳаввулоти сиёсӣ дар тамоми гушаҳои кишвар таъкид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистонро солҳои ахир барои маҳдуд кардани озодии баён, саркӯби матбуоти мустақил ва дигарандешон танқид мекунанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ҳозир аст, барои амалӣ кардани тавсияҳои нозирони байналмилалӣ барои баргузор кардани интихоботи демократӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. “Дар баёния гуфта мешавад: “Мо як ҳамкори қобили боварӣ дар амри тақвияти ҳамкориҳо, модернсозии иқтисод, рушди муназзами мунсифонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мемонем.”

Қарор аст, гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то якуним моҳи дигар арзёбиҳои худ аз ҷараёни интихоботи президентиро бигуянд. Дар интихобот бар иловаи Эмомалӣ Раҳмон, чаҳор номзади дигар аз Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби сотсиалист ширкат доштан ва ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ теъдоди бисёр каме аз раъйи мардумро ба даст оварданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *