Қирғизистон автобус истеҳсол кард
Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров аввалин автобуси киргизиро худаш озмуд.
Гуфта мешавад, ки барои дастгирии истеҳсолоти маҳаллӣ 10 адад аз ин автобусҳоро давлат мехарад.
Маълум шуд, ки дар ҳоли ҳозир намунаи аввал ба хориҷи кишвар интиқол дода мешавад, то аз ташхиси лабораторӣ гузаронанд. Баъд аз он дар миқёси саноатӣ истеҳсолот оғоз мегардад.
Барои маълумот, барои коргоҳи истеҳсоли автобус, ки дар вилояти Чуй бунёд ёфтааст, қисмҳои эҳтиётии воситаи нақлиёт аз кишварҳои Нидерландия, Германия, Русия ва Швеция ворид мешаванд.