11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Ахбор”асмои қисмате аз боздоштшудаҳои ахирро нашр кард

Сойти “Ахбор” исми 18 боздоштшуда дар мавҷи ахири боздоштҳо дар Тоҷикистонро нашр кардааст.

Дар байни боздоштшудаҳо номзадҳо ва ҳатто докторҳои илм, устодони донишгоҳҳо, имомхатибони собиқ, рӯҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд. Барои мисол Фирдавс Раҳимӣ, раҳбари дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара.

Ҳамчунин ходимони илмӣ мисли Меъроҷиддин Сафаров – доктори илм, Абдулваҳҳоби Абдуманнон докторант ва ғайра.

Ҳамин тавр, Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии “Рӯҳафзо” низ дастгир шудааст. Муҳаммадҷони Иброҳим падари Яҳё Иброҳимзода, як навраси тоҷик аст, ки тобистони соли 2019 дар остонаи 17-солагиаш бар асари бемории саратон рӯи кати ҷарроҳӣ дар Эрон ҷон супурд ва видеои пурсӯзи навҳаи падараш дар марги Яҳё ҳамаро сахт ба риққат оварда буд.

Рӯйхати 18 боздоштшудае, ки номашон то имрӯз маълум шудааст, чунин аст:

1.Сатторов Икромшоҳ, сармуаллими Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё. Зодаи ноҳияи Данғара.

2.Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ, корманди радио. Зодаи ноҳияи Файзобод.

3. Тоҷиддин Яқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

4. Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам. Зодаи ноҳияи Восеъ.

5. Фирдавс Раҳимӣ, Раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара, собиқ раиси шаҳраки Шӯроб, собиқ раиси ҷамоати Чоркӯҳ. Зодаи Исфара.

6. Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил , домоди Тӯраҷонзодаҳо), шоир, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли “Насимнома”. Зодаи Ваҳдат.

7. Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар бо тақрибан 25 шогирдаш.

8. Амонуллоҳи Абдурозиқ, мудири маркази забономӯзии “Дӯстӣ”. Ноҳияи Рӯдакӣ.

9. Амриддини Аслиддин, муаллим. Аз Фархор.

10. Убайдуллох, муаллим. Ноҳияи Нуробод.

11. Абдуғаффор, устоди Донишгоҳ. Зодаи Истаравшан.

13. Аҳлиддин Ҳалимов, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ҷалилов.

14. Ҳасанов Абдухолиқ, аз Душанбе.

15. Тағоев Комил Сидмуродович, с.т. 1981, сокини кӯчаи Гулистони ҷамоати Пули Сангин. Зодаи Норак.

16. Абдуллоев Муслиҳиддин Отамуродович, с.т. 1983, зодаи ҷамоати Тутқавули Норак.

17. Қорӣ, набераи Абдулло-Сиёҳак, с.т.1991, аз ҷамоати Тутқавули Норак.

18.Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии “Рӯҳафзо” дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *