СММ: «Ҷанг дар Укроин ба панҷяки аҳолии ҷаҳон гуруснагӣ ва фақрро ба бор меорад»
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар ин бора ҳушдор дод, ки ҳамлаи Русия ба Укроин метавонад сабаби фақру гуруснагӣ барои тақрибан 1,7 миллиард нафар, яъне беш аз панҷяки башарият гардад.
Укроина ва Федератсияи Русия 30 фоизи истехсоли гандум ва ҷав, панҷяки чуворимакка ва бештар аз нисфи равгани офтобпарастро истеҳсолу содир мекунад. Дар баробари ин барои 45 кишвари сусттараққикарда ҳиссаи аз Русия ва Украина воридшаванда бештар аз сеяки тамоми ғаллаи воридкардаи онҳо мебошад.
Русия ҳамчунин бузургтарин содиркунандаи гази табиӣ ва дуввумин содиркунандаи нафт дар ҷаҳон аст.
Ин ҷанг мушкилотеро, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар натиҷаи пандемияи коронавирус дучор шуда буданд, шадидтар кард. Аз оғози соли 2022 нархи гандум ва ҷуворимакка 30 дарсад, нархи нафт дар як соли охир беш аз 60 дарсад ва қимати гази табиӣ ва нуриҳо беш аз ду баробар боло рафтааст.
Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, СММ буҷаи қофӣ надорад, то барои маблағгузории вокуниши изтирории вазъ масраф кунад. Аз ҷумла, Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ аз камбуди манобеъ хабар додааст.
Қаблан Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ гуфта буд, ки бӯҳрони ғизоӣ дар пайи ҷанг дар Украина дар навбати аввал ба кишварҳои фақиртарин таъсир хоҳад кард. Созмонҳои бузурги байнулмилалӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хостори иқдоми додгоҳӣ барои ҷилавгирӣ аз гуруснагӣ шудаанд.