Ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба навори Ғазза
Ҷангандаҳои артиши Исроил мавозеъи ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд
Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, ҷангандаҳои артиши Исроил мавозеъи ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин “Ҳамос”- ро дар шаҳри Хан-Юнус воқеъ дар ҷануби навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.
Ин ҷангандаҳо заминҳои кишоварзӣ шаҳри Дайр-ал-Балаҳ дар маркази навори Ғаззаро низ бомбаборон кардаанд.
Вазорати беҳдошти Фаластин то кунун дар бораи хисороти эҳтимолии ин ҳамалот гузорише мунташир накардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки артиши Исроил шаби гузашта эълом кард як ракет аз Ғазза ба ҷануби ин кишвар партоб шуда, аммо хисороте надоштааст.