11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

«Гурӯҳи тарғиботӣ»дар Рашт 73 нафарро 114 ҳ. ҷарима кардааст

«Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳии кормандони шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои кории тарғиботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумат баҳри сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва истифода аз таҷҳизоти замонавии каммасраф 73 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ  ошкор гардида, ҷавобгарон ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд» — иттилоъмедиҳад «Ховар».

Дар ҳамин ҳол шарҳ намедиҳад, ки чаро, чӣ гуна ва тибқи кадом қонун гурӯҳе, ки барои фаҳмондадиҳӣ сафарбар шудааст истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби шаҳрвандонро тафтиш ва онҳоро ҷаримабандӣ кардааст.

Ба иттилои Ховар аз 1 декабри соли гузашта то 15 январи имсол дар минтақаи Рашт 6 миллиону 583 ҳазору 730 киловатт-соат қувваи барқ сарфа карда шудааст.

«Корҳои фаҳмондадиҳӣ» асоссан миёни аҳолии ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод баргузор шудааст.

«Ҳамин тавр, бо ташаббуси гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа 858 ҳазору 483 сомонӣ  қарзи истифодаи қувваи барқ баргардонида шуд», — менависад «Ховар».

Дар хабар омдааст «дар ин  муддат бо гузаронидани санҷишҳои муштарак 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ  ошкор карда шуда, ҷавобгарон барои зарари расонида  ба маблағи 113 ҳазору 841 сомонӣ  ҷарима шуданд. То имрӯз 78 ҳазору 546 сомонии он   рӯёнида шудааст».

Ин ҳам дар ҳоест, ки баъди пиёда шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва руёнидани пули барқ дар саросари кишвар, қарздортарин ширкатҳо ва корхонаҳои бузург аз истифода барқ мисли Талко то ба ҳол ҳатто кӯшиши қисм қисм супоридани қарзи барқро ҳам накардаанд. Аксарияти қарздорон бо миқдори хело калон ширкатҳои марбут ба оилаи раисҷумҳур ҳастанд, вале то ба ҳол аз пардохти қарзи онон аз истифодаи барқ дар расонаҳо чизе гуфта намешавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *