Асъор ва иқтисод 23.10
Нархи арз
Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 23 октябр арзиши 100 рубли русӣ 13 сомонию 39 дирам ва дар бозори нақд бошад 13 сомониву 65 дирам нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10 сомониву 33 дирам то 10 сомониву 34 дирам арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12 сомониву 22 дирам то 12 сомониву 50 дирам арзёбӣ кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла «Бонки Эсхата» нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар аст.
Ин бонк хариду фурӯши 100 рублро имрӯз аз 13 сомониву 90 дирам то 14 сомониву 10 дирам муқаррар кардааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 100 рубл аз 13 сомониву 40 дирам то 14 сомониву 10 дирам ва дар “Алифбонк” бошад 100 рубл аз 13 сомониву 40 дирам то 14 сомониву 30 дирам нишон дода шудааст.
Ҳарчанд Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”, аммо мубодилаи асъори хориҷӣ дар бозори сиёҳ фаолтар аз муассисаҳои карзии расмӣ аст.
******
Нархи тилло
Баҳои ҳар унс тилло дар муъомилоти субҳи имрӯз миёни бонкҳои Лондон 1911 доллару 7 сент муомила шуд.
******
Нархи ҷаҳонии нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 42 доллар 70 сент муъомила шуд.
Нархи миёнгаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 40 доллару 83 сент
муомила шуд.
******
Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон аз аввали соли равон беш аз 1,5 миллион тоннаро ташкил додааст.
Маблағи умумии ба дастомада аз истихроҷи ангишт дар нӯҳ моҳи соли равон 285,7 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ дар охири соли 2019 беш аз 2 миллион тоннаро ташкил дод.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар кишвар 12 ширкати ватанию хориҷӣ ба истихроҷ ва истеҳсоли ангишт машғуланд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 200 корхона ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон сол аз сол меафзояд. Масалан, дар соли 2014 дар кишвар беш аз 870 ҳазор тонна истихроҷ шуда буд, соли 2015 ин рақам аз 1 миллион тонна гузашт, соли 2016 1,4 миллион тонна ва дар соли 2017 беш аз 1,7 миллион тонна ангишт истихроҷ карда шуд. Ин рақам дар соли 2018 беш аз 1,9 миллион тонна буд.
********
Дирӯз 22 октябр нишасти панҷуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Созмони Ҳамкории Шанхай, дар ҷаласа сарварон ва намояндагони вазорати кишоварзии Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот сарони ҳайатҳо оид ба таъсири пандемияи нави сирояти коронавирус ба соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор намуданд, тадбирҳои андешидашудаи кишварҳо оид ба паст кардани таъсири манфӣ баррасӣ шуданд. Қайд карда шуд, ки мубориза бо мушкилоти ҷаҳонӣ саъйҳои муштараки ҳамоҳангшударо талаб мекунад.
Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба татбиқи Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки 11 июни соли 2010 дар Тошканд ба имзо расидааст, тасдиқ карда шуд.
Дар ин сагад қайд шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ дар соҳаҳои гуногуни умедбахш, аз ҷумла тавсеаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаҳои агросаноатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва мубодилаи академӣ, ҷорӣ намудани агроиноватсияҳо ва фаъолиятҳои намоишӣ ва одилона вусъат хоҳанд дод.
*******
Сохторҳои давлатии Тоҷикистон маблағи аз ҳисоби буҷаи давлатии кишвар муаяншуда барояшонро гирифта наметавонанд.
То аввали моҳи сентябр ягон бахши давлатӣ 100 дар сад маблағи ҷудошуда аз буҷаро гирифта натавонист. Фоизи аз ҳама бештари маблағгузорӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор рост меояд, ки 97,3 дар сад аз ҳаҷми умумии буҷаи ба ин соҳаҳо ҷудошуда мебошад.
Ҳаҷми маблағгузорӣ барои ин соҳаҳо дар давраи муайяншуда 407,2 миллион сомонӣ, муодили 39,4 миллион долларро ташкил додааст. Музди камтарини музди меҳнат ба коргарони ин соҳаҳо — 553 сомонӣ, муодили 55 доллар мебошад.
Тибқи омор, соҳаи сӯзишворию энергетикӣ 88,6 дар сад ё беш аз 2,3 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки қисми зиёди ин маблағ барои сохтмони НБО Роғун харҷ карда мешавад.
Дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 70 фоизи пешбинишуда маблағгузорӣ шудаанд. Қисми даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли равон 3,3 дар сад иҷро нашудааст.
Тибқи маълумоти фаврии Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ
моҳҳои январ-сентябри соли равон 16 миллиарду 505 миллиону 900 ҳазор сомонӣ муодили 1 миллиарду 597 миллиону 800 ҳазор доллар бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи ислоҳшуда 3,3 дар сад камтар аст.
Дар ҳамин ҳол, қисми хароҷоти Буҷаи давлатӣ дар ҳашт моҳи соли равон 13 миллиарду 772 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, муодили 1 миллиарду 333 милиону 200 ҳазор долларро ташкил дод, ки ин 71,6 дар сад дарсад аз ҳаҷми умумӣ аст.
******