11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дилшод Назаров бори панҷум чемпиони Осиё шуд

Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик, чемпиони олимпӣ оид ба гурзандозӣ дар чемпионати Осиё, дар шаҳри Доҳаи Қатар қаҳрамони мусобиқа гардид

Дар ин бора  маркази матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар, дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76.14 метр ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард. Бо ин ҳол маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд.

Варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ бо натиҷаи 73.76 метр ҷои дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Ӯзбекистон бо натиҷаи 72.86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд. Дар даври финали мусобиқаи гурзандозӣ 12 нафар иштирок карданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *