11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Баҳсҳои ҳафта

Таҳлили муҳимтарин матолиби расонаҳо дар ҳафтаи гузашта аз Азимҷони Ваҳҳоб

   Соли 2020 барои расонаҳои тоҷикӣ соли сермоҷаро, сербаҳс ва пурҳодиса буд. Дар дохили кишварамон Тоҷикистон, расонаи ба тамоми маъно мустақилеро пайдо кардан мушкил аст, ки ба таври ошкор ва бепарда ҳодисаҳову ахбори воқеиро ба мардум бирасонад, вале ҳастанд як — ду расонаи ангуштшумор, мисли Озодӣ ва Азия – плюс, ки то андозае воқеиятҳоро мегӯянду менависанд, аммо мушкил аст битавон гуфт, ки танҳо ду – се расона битавонад ин холигиро пур кунад. Зеро ба хотири боло будани нархи интернет, бебарқӣ ва камбизоатии мардум, на ҳама тавони дастрасӣ ба матолиби сомонаҳои интернетиро доранд. Ба сухани дигар, мардуми кишвар дар як ҳолати холигии иттилоотӣ ба сар мебаранд ва ё танҳо бештар ҳамонеро мешунаванду мебинанд, ки ҳукумати кишвар ба онҳо мегӯяду намоиш медиҳад.

   Аммо дар хориҷ аз кишвар мухолифони ҳукумат чандин сол аст, ки сомона, веблог, радио, телевизиони ютубӣ ва ахиран телевизиони моҳвораӣ созмон доданд, ки бар хилофи расонаҳои дохили кишвар бештар ба ошкор кардани ҳодисаву руйдодҳое мепардозанд, ки расонаҳои дохилӣ аз пардохтан ба он иҷтиноб ва мекунанд ва ё ҳақ надоранд. Аммо ҳукумати кишвар бо ҳар василае кӯшиш мекунад пеши роҳи иртиботи расонаҳои хориҷ ба дохили кишварро бигирад.

 Соли 2020 ҳам ба поён расид. Умед дорем, ки дар соли нави 2021, мардуми азизи кишварамон аз холигии иттилоотӣ ва ё хабарҳои яктарафа ва сензурашудаву ғайривоқеӣ раҳоӣ хоҳанд ёфт ва чашму дилашон ба дидану шунидани ҳодисаҳои воқеӣ ва росту муфид боз хоҳад шуд.

   Дар аввали соли 2021 тасмим гирифтем, ҳадди ақал ҳафтае якбор хулосаи баъзе аз матолиб ва мақолаҳои муҳими баъзе аз расонаҳои тоҷикзабонро ба таври хулоса пешниҳоди ҳамватанони азизамон намоем, ки умед дорем мавриди писанд ва қабулатон қарор хоҳад гирифт.

  Дар ҳафтаи охири соли гузашта аксари сомонаҳо ва расонаҳои тоҷикӣ яке аз матлабҳои асосии худро ба ҳодисаҳои муҳими ин сол бахшидаанд. Бо интихоби ин чанд матлаби ҷамъбастии соли 2020 ва мурури онҳо мешавад ба ин хулоса расид, ки соли 2020 барои кишвар ва мардум чигуна буд, бурд дошт ё бохт.

   Аз ҷумла дар ҳафтаи охири соли гузашта Озодӣ дар матлабе таҳти унвони “Сиёсат дар Тоҷикистон дар соли 2020 ва дар аҳди СOVID-19” бо қалами Хиромон Бақозода ва Тоҳири Сафар навиштааст, ки “соли 2020 зери таъсири пандемияи коронавирус гузашт”. Муаллифон дар матлаби мазкур ба таври хулоса аз ҷумла ба мавзӯъҳои: “Интихоботҳои парлумонӣ ва президентии соли 2020”, “Боқӣ мондани Чину Русия ба унвони шарикони муҳими стратегии Тоҷикистон”, “Соли рукуди ҳуқуқи инсон”, “Ҷоизаи Бузургмеҳр ва идомаи таъқии дигарандешону мунтақидон ва низдикони онҳо” пардохтаанд.

   Дар бахши “интихоботҳо” муаллифон бо зикри ин нукта, ки “Раҳмон ҳузури худро барои 7 соли дигар қонунӣ кард ва парлумон аз афроди ҳизби ҳоким ва рӯ ба ҳукумат ташкил ёфт”, аз қавли таҳлилгари масоили сиёсӣ Абдумалик Қодиров чунин меоваранд: “интихоботи порлумоние, ки имсол бе иштироки ҳизби умдаи мухолиф – ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ – сурат гирифт, Рустами Эмомалӣ, писари президентро ба курсии раёсати Маҷлиси Миллӣ овард. Ба ин восита дар Тоҷикистон роҳ ба сӯи ҳокимияти сулолавӣ, қудрати сулолавӣ кушода шуд.”

   Дар бахши “Рукуди ҳуқуқи инсон” муаллифон аз зиндонӣ шудани журналисти тоҷик Далер Шарифов, қатъи фаъолияти сомонаи “Ахбор”, боздошти муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев ва латукӯб шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ журналисти Азия – Плюс, ёдовар мешавад.

   Дар идомаи матлаб, муаллифон дар бахши “Таъқиби дигарандешон ва наздикони онҳо” аз истирдоди Ҳизбуллоҳ Шоҳвализода аз Вена, боздошти домоди Шарофиддин Гадоев дар Юнон, ворид нашудани номи зиндониёни сиёсӣ ба руйхати афвшудагон, ва барандаи ҷоизаи ҳуқуқи башарии Homo Homini шудани Бузургмеҳр Ёров, мисол меоваранд. Вале ба гуфтаи муаллифон, ҳомиёни ҳуқуқ  ва таҳлилгарони байналмилалӣ бар ин назаранд, ки мавриди муҳими поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон вақте маълум шуд, ки муддати дароз вуҷуди коронавирус дар кишвар рад шуд.

   Аммо сомонаи Паём, яке дигар аз серхонандатарин сомонаҳои тоҷикзабон, дар матлабе бо номи “Соли пурчолишу пурталафоти 2020 ба поён расид”, навишт : “Инак, пурчолиштарин сол дар 70 соли охир ба поёни худ расид.” Дар ин матлаб муаллиф даҳҳо мушкили соли 2020 аз ҷумла “Паёмадҳои иқтисодии коронавирус ба кишвар”, “Пинҳонкории мақомоти Тоҷикистон дар эълони омори воқеии гирифторони коронавирус”, “Фавти даҳҳо донишманду табибу генералу ҳунармандони тоҷик”, “Ду интихоботе, ки пояҳои ҳукумати хонаводагии Раҳмонро тақвият кард”, “Саргардон мондани даҳҳо муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Россия”, “Озод шудани ширкатҳои мутаалиқ ба хонаводаи Раҳмон”, “Афсона нашудани маҳдудияти барқ” ва ғ … – ро ба баррасӣ гирифтаааст. Паём, дар масъалаи мушкиливу сарагардонии муҳоҷирони кории тоҷик аз ҷумла менависад: “Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари ҷаҳон бозгашти шаҳрвандонашон ба ватанро дар кӯтоҳтарин муддат таъмин карданд, мақомоти тоҷик даҳҳо ҳазор шаҳрванди ҷомадонбапушти худро дар саросари ҷаҳон раҳо карданд, то онҳо бар замми азобҳои дигари муҳоҷират, азоби саргардониҳо дар фурӯдгоҳҳоро низ бичашанд.”

    Вале ба назари муаллифи мақолаи Паём, ҳарчанд соли 2020 пур аз дарду ғам буд, аммо руйдодҳое ҳам ба мисли “Бедории сиёсии бесобиқаи мардум ба хусус муҳоҷирон” буданд, ки умедҳоро ба ояндаи нек бештар мекард.

     Ду сомонаи дигар, яке сомонаи тозатаъсиси “Бомдод” ва дигарӣ сомонаи ба мақомот наздики “СССР” руйхати калоне аз нафарони машҳур ва саршиноси Тоҷикистонро, ки дар соли 2020 дунёро тарк гуфтаанд, дар худ ҷой дода ва маълумоти мухтасаре дар бораи онҳо ба хонандагон пешкаш кардаанд. Аз ҷумла “Бомдод” дар матлабе зери унвони “Соли талафоти сангин. Тоҷикистон имсол 12 генералашро аз даст дод”, руйхати 12 генерали тоҷикро, ки дар соли 2020 аз дунё гузаштанд, бо дарҷи маълумоти кутоҳ дар бораашон, нашр кардааст.

  Ҳамчунин “СССР” руйхати 22 нафар аз касонеро, ки соли 2020 дунёро тарк гуфтанд ва ба гуфтаи муаллиф: “ба кулли миллат тааллуқ доштанду рафтанашон барои тамоми миллат талафот буд”, дар матлабе бо номи “2020 соли рафтани ахтарони миллат”, пешкаши хонандагонаш кардааст. Дар ин руйхат аз ҷумла Гулназар Келдӣ, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Баҳманёр нависандаи тоҷик, Ҷамшед Исмоилов, ҳунарпешаи машҳури кишвар ва Муҳаммадалии Аҷамӣ шоири маъруфи тоҷик ҷой дода шудаанд.

   Ҳарчанд муаллифон ба истиснои ишора ба чанд нафар, сабаби даргузашти генералҳо ва шахсиятҳои маъруфи кишварро зикр накардаанд, аммо равшан аст, ки ба монанди садҳо ва ҳатто ҳазорон афроди дигари кишвар, сабаби даргузашти аксари кулли онҳо бешак коронавирус буд ва мақомот ҳеч вақт дар ин бора рост нагуфтанд ва расонаҳо ҳам ба иллати “риояти этикаи журналистика” ҳамонеро ба қалам доданд, ки мақомот гуфтанд.

  Шабакаи хабаррасонӣ ва таҳлии Аздо ТВ дар як матлабе бо титри “Хабарсозтарин ҳаводиси соли 2020 дар Тоҷикистон” муҳимтарин ҳодисаҳои соли 2020 – ро номбар карда, шарҳи муфассали онро дар як видеои 17 дақиқаву 27 – сониягӣ тақдими бинандагон кардааст. Ба назари муҷрии матлаб “Боздошти Далер Шарипов”, “Ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд”, “Сели харобиовар дар Хуросон”, “Эътирози хамшолуди таксист ва нашри он дар шабаҳои иҷтимоӣ”, “Даъват ба тазоҳурот аз сӯи Маҳмурод Одинаев ва боздошти ӯ”, “Ҷарима шудани Нилуфар Раҷабова ба хотири ҳиҷоб”, “Истирдоди Шоҳвализода аз Австрия” ва “Ҳабси такроии аъзои ҲНИТ”ба Тоҷикистон аз ҷумла муҳимтарин ҳодисаҳои соли 2020 будаанд.

   Матлаби Аздо ТВ, бо боздошти журналисти тоҷик Далер Шарипов дар авалҳои соли 2020 оғоз мешавад, ки ба назари муаллиф “Вокунишҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи кишвар дар пай дошт ва нахустин хабари сол шуд, ки номи Тоҷикистонро ба унвони як давалати саркӯбгар ва нақзкунандаи ҳуқуқи башар бори дигар дар сархатти хабарҳо қарор дод.”

   Ба назари Аздо ТВ, яке аз мавзӯъҳое, ки баҳсҳои гармеро ба дунбол дошт, муроҷиати собиқ хабарнигори “Садои Душанбе” ва феълан таксисти тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода буд. Дар матлаб аз номи Пирмуҳаммадзода оварда шудааст, ки ӯ мегӯяд: “Рости гап намедонам, чаро он муроҷиати камина чунин сели вокунишҳоро ба бор овард. Худо худаш донотар аст, инро аслан баяд аз дигарон пурсид, ки чаро чунин шуд? чаро як муроҷиати ирфиродӣ чунин як вокуниши бесобиқаеро ба бор овард?”…

   Аммо сомонаи Азия – Плюс ба дур аз сиёсат, дар матлабе ҳодисаҳои муҳими варзишии соли 2020 – ро ёдовар шуда, ишора кардааст, ки мусобиқаҳои варзишӣ ҳам таҳти таъсири пандемияи коронавирус гузаштанд. Ба назари муаллифи матлаб Сайфиддин Қараев, аз ҷумла муҳимтарин руйдодҳои варзишии соли 2020 аз ҷумла инҳо буданд: “Ба соли 2021 гузарондани олимпиадаи Токио”, “Муваффақияти самбочиёни тоҷик дар Сербистон”, “Мухлисии тоҷикистониҳо аз Ҳабиб”, “Видоъ бо Марадона”, “Таваҷҷӯҳи Испания ба футболи тоҷик” ва “Роҳхати ду муштзани тоҷик ба алимпиада”.

  Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби дар болозикршудаи чанде аз маъруфтарин сомонаҳои тоҷикзабон, ба чунин натиҷа метавон расид, ки соли 2020, се масъала дар Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтаринҳо буданд:

  1. Пандемияи коронавирус, ки мақомоти Тоҷикистон танҳо як рӯз қабл аз сафари ҳайати Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ вуҷуди он дар кишварро эътироф карданд. Яъне замоне, ки аллакай “вирус” даҳҳо фарзонаи миллатро аз байни мо гирифта буд;
  2. Интихоботҳое, ки дар он Раҳмон қудрати хонаводагии худро мустаҳкам кард ва ба гуфтаи яке аз мусоҳибони Озодӣ “Қудрат дар атрофи як хонавода тақвият ёфт” ва фосилаи байни мардум ва давлатмардон бештар шуд;
  3. “Соли рукуди ҳуқуқи инсон” ва ё идомаи саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ, фишор ба наздикону хешутабори фаъолони сиёсӣ ва боздошту латукӯби рӯзноманигорону қаламбадастон;

  Бо умеди соли беҳтар, зиндагии орому осудатар ва таҳлили матолиби расонаҳо дар ҳафтаи дигар!

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *