Cелфӣ дар зери борон боиси марги 11 нафар шуд
Би-би-сӣ гузориш медиҳад, ки рӯзи якшанбе дар аёлати Ҷайпури шимолии Ҳиндустон дастикам 11 нафар кушта ва шумори зиёди дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ҷабрдидагон дар вақти боридани борон дар болои манораи ёдгории асри 12 селфӣ мекарданд.
Дар вақти садама, дар манора ва девори қалъа 27 нафар буданд ва дар гузориш гуфта шудааст, ки вақте раъду барқ ба амал омад, баъзеи онҳо ба замин ҷаҳидаанд.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар натиҷаи раъду барқ то ду ҳазор ҳиндуҳо мемиранд.
Як афсари аршади полис ба расонаҳо гуфтааст, ки аксари кушташудагон дар бурҷи қалъа ҷавононанд. Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ, танҳо рӯзи якшанбе дар натиҷаи раъду барқзанӣ дар Раҷастан, воқеъ дар Ҷайпур, аз нӯҳ марги дигар гузориш шудааст.
Сарвазири иёлот Ашок Геҳлот эълом дошт, ки ба оилаҳои қурбониён 6700 доллар ҷуброн мепардозанд.