Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ: Вируси коруно мумкин аст ҳаргиз нопадид нашавад
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳушдор додааст, ки вируси коруно, омили бемории COVID-19, ки боиси як эпидемии ҷаҳонӣ шуда “мумкин аст ҳаргиз нопадид нашавад.”
Доктори Майк Райан, мудири умури изтирории ин созмон, дар конфронсе дар рӯзи чаҳоршанбе алайҳи ҳар гуна пешбинӣ дар мавриди замони нопадид шудани ин вирус ҳушдор дод.
Ӯ афзуд, ки ҳатто агар воксине барои ин вирус кашф шавад, контроли он ниёзманди як “талоши азим” хоҳад буд.
Бино ба гузоришҳо тақрибан 300 ҳазор нафар дар ҷаҳон дар асари аворизи ибтило ба ин вирус даргузаштаанд ва беш аз чаҳор миллиону 300 ҳазор нафар ҳам ба он мубтало шудаанд.
Доктор Райан дар конфронси вируси коруно дар Женева гуфт: “Муҳим аст ин мавзӯъро матраҳ кунем: Ин вирус мумкин аст табдил ба як ҳамагири бумӣ (андемӣ) дар ҷомеъи мо шавад ва ҳаргиз нопадид нашавад.”
“HAV нопадид нашуда аммо мо омӯхтаем чигуна бо он канор биёем.”
Доктор Райан сипас гуфт бовар надорад, ки «касе метавонад замони нопадид шудани ин бемориро пешбинӣ кунад.”
Дар ҳоли ҳозир кор барои сохти ҳудуди як сад воксин билқувва дар ҷараён аст аммо доктор Райан ишора кард, ки бемориҳои дигаре монанди сурхак ҳастанд, ки алорағми вуҷуди воксин решакан нашудаанд.
Доктор Тедрос Гибриус мудири Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳам таъкид кард, ки контроли ин вирус дар сурати талоши кофӣ мумкин аст.
Ӯ гуфт: “Манъи шуйӯъ дар дастони мост, мисолае, ки ҳама дар қиболи он масъулият доранд, ва ҳамаи мо бояд ба мутаваққиф кардани ин ҳамагирӣ кумак кунем.”
Марио Ван Кракуф, эпидемишиноси Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳам дар ин конфронс гуфт: “бояд аз назари зеҳнӣ қабул кунем, ки хориҷ шудан аз ин ҳамагирӣ замон мебарад.”
Ин ҳушдорҳо дар ҳоле содир мешавад,ки чандин кишвар коҳиши тадриҷии тадобири манъи тараддудро шурӯъ кардаанд ва раҳбарони кишварҳо дар ҳоли баррасии чигунагӣ ва замони бозкушоии иқтисодӣ ҳастанд.
Доктор Тедрос ҳушдор дод, ки ҳеҷ роҳи тазминшудае барои коҳиши маҳдудиятҳо бидуни доман задан ба мавҷи дуввуми ибтило вуҷуд надорад.
Ӯ гуфт: “Бисёре аз кишварҳо моил ба лағви тадобири мухталиф ҳастанд. Аммо тавсияи мо ҳанӯз ин аст, ки ҳушёрӣ дар ҳар кишвар ҳамчунон бояд дар болотарин сатҳи мумкин бошад.”
Сообщение ПАЁМ.net.