11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон $5.2 млрд қарздоранд

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 53,5 млрд сомонӣ  ҳудуди 5,2 млрд доллар бо қурби аввали соли 2022-ро ташкил дод.

Ин қариб ба андозаи 12% ё худ 7 млрд сомонӣ камтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2022  мебошад.

Ҳиссаи корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда аз 19% дар аввали соли равон то ба 22,8% дар охири моҳи июни соли ҷорӣ афзудааст.

Зиёда аз нисфи корхонаҳои зиёновар дар Душанбе ва минтақаи гирду атрофи он ҷойгир шудааст.

Инҳо асосан корхонаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, бахши сохтмону нақлиёт ва соҳаи алоқа мебошанд.

Қарздори нисбатан зиёдтар байни корхонаҳои Тоҷикистон Ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки қарзи кредитории он то нимсолаи аввали ҳамин сол 32 млрд сомонӣ, ҳудуди 3,1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2019 ба сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешида шавад.

Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Шӯрои таъсисёфта ба ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад, уҳдадор шуд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бузуртаринашон «Ширкати алюминии тоҷик» , ҶСК «Роғун» , ҶСК «Тоҷиктелеком», воҳидҳои «Барқи тоҷик» , ҶСК «Тоҷиктрансгаз», «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», «Тоҷик Эйр» ва ширкати «Сементи тоҷик» мебошанд.

Хабарҳои муҳими рӯз дар Паём ТВ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *