Суолҳои бепосухе аз ҳодисаи Данғара
Бо вуҷуди ин ки то ҳанӯз чаҳор нафари ба гуфтаи мақомот “аъзои гурӯҳе, ки дар ҳодисаи Данғара даст доштанд” дастгир шудаанд, то ҳанӯз хулосаи пешакии ин ҳодиса эълон нашудааст. Дар ҳоле, ки аз боздошти нафари асосӣ, яъне ронандаи мошин 15 соат гузаштааст ва ӯ ҳатман баёноте дар ин маврид ба пулис додааст.
Баъди тақрибан 18 соати вуҷӯъи ҳодиса ва 12 соати боздошти ронандаи мошин, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон эълон мекунад, ки чанд фарзия, аз ҷумла садама, ғорат, куштор ва ҳамлаи террористӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ҳоле, ки одатан мақомоти тафтишотӣ дар ҳар кишвари дунё, аз ҷумла худи Тоҷикистон, соатҳои аввали вуқӯъи ҳодиса фарзияи асосиро эълон мекунанд.
Вазорати корҳои дохила эълом кард, ки «аз рӯи нишондоди дастгиршуда Адбусамадов Ҳ.А., сокини шаҳри Душанбе, боз ду нафар сокинони шаҳри Кӯлоб ва як нафар сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун гумонбар ба алоқамандии ин гурӯҳ дастгир шуда, чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳ идома дорад”. Абдусамадове, ки дар бораи ҳамдастонаш маълумот дод, ҳатман дар бораи сабаби ҳамла ҳам чизе гуфтааст ва мақомот метавонистанд фарзияи аввалияро эълон кунанд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила ҳамлаи мусаллаҳонаро низ тасдиқ кард ва гуфт, ки гурӯҳи ҳамлагар яроқи оташфишон низ доштааст. Дар ҳамин ҳол ӯ фарзияи садамро дар ҷои аввал мегузорад. Дар ҳоле, ки бо корд ҳамла мекунанд ва вазир онро тасдиқ мекунад, барои фарзияи садама ҷое боқӣ намемонад.
Вазорати корҳои дохила ҳанӯз дирӯз эълон карда буд, ки “шахсони ҷиноят содирнамуда муайян гардида, 1- нафар дастгир ва 2 нафар ҳангоми муқобилият намудан нобуд карда шуданд”. То ҳол ин мақом шарҳ надодааст, ки он ду нафар чӣ гуна муқобилият карданд ва дар кадом ҳолат кушта шуданд. Агар онҳо бо корд муқобилият карданд, магар имкони захмӣ кардану сипас боздошт намуданашон вуҷуд надошт? Агар бо яроқи оташфишон ҳуҷум карданд, чаро он яроқашонро дар ҳамла ба сайёҳон истифода набурданд ва шоҳид ба ҷой гузоштанд?
Соате пеш ВКД эълон кард, се нафари дигар “барои пахш намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва куштори онҳо дар ҷустуҷӯӣ қарор доранд”. Инҳо Сафаров Зафарҷон Ҷумаевич, Маҷидов Асомуддин Ёрмаҳмадович — сокинони ноҳияи Панҷ ва Юсуфов Ҷаъфариддин Садриддинович сокини шаҳри Норак мебошанд. Шумори умумии пахшкунандагон инак ба 9 нафар расид — ронанда, ки қабл аз ҳама боздошт шуд, ду нафари ҳангоме муқобилият боздоштшуда, се нафари дигар, ки дертар мақомот аз боздошташон хабар доданд ва ин се нафари нав, ки дар пайгард қарор гирифтанд. Вале мақомот шарҳ надоданд, ки ин 9 нафар чӣ гуна дар як мошин ҷой гирифтаанд ва агар дар мошин танҳо ҳади аксар 5 нафари онҳо буд, 4 нафари дигар ба онҳо чӣ рабте доранд.
Аммо дар нишасти матбуотӣ аз се нафар боздоштшуда, ки қаблан ВКД эълон карда буд, ҳарфе зада нашуд. Шумори “кушташудагон ҳангоми муқобилият” ҳам аз 2 ба 1 нафар поён омад. Яъне инак 5 нафар боқӣ монданд — ронандаи боздоштшуда, 1 нафари кушташуда ва се нафаре, ки дар пайгард қарор доранд.
Ба дарозо кашидани эълони фарзияи асосӣ нофаҳмиҳои зиёд дар гуфтаҳои мақомот шубҳаҳоеро барангехтааст ва шумори шубҳаҳо торафт бештар мешаванд. Яке аз шубҳаҳо ин аст, ки мақомот дар паи таҳияи як сенориёе ҳастанд ва аз ин ҳодиса ба нафъи худ истифода кунанд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё ин кор ба нафъашон хоҳад буд?
Кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикитсон нестанд, ки мақомот тафтишотро ба самте, ки дилашон хост савқ диҳанд. Ҳатман мақомоти ИМА, Ҳолланд ва Суис дархости ширкат дар таҳқиқотро хоҳанд кард. Дар ин ҳол ягона роҳе, ки боқӣ мемонад эълони воқеъият аст. Чунин ҳодисае ду сол қабл дар Миср рух дода буд. Як шаҳрванди итолиёӣ кушта шуд ва мақомот дарҳол эълон краданд, ки кори дасти исломиҳост. Вале вақте мақомоти итолиёӣ вориди тафтишот шуданд, муайян гардид, ки шаҳрванди итолиёиро пулис куштааст.
Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ҳам аз паёмади ҷиддии ин ҳодиса огоҳ кард. Ӯ гуфт: “Ман шахсан худам чор сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Аз назари ман, ин як масъалаи калонтарини амниятӣ дар ин кишвар аст. Мо мехоҳем, ки дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса кӯмаки ҳадди аксарро барои мақомоти интизомии Тоҷикистон ироа кунем. Ин ҳодиса паёмадҳои хеле ҷиддии амниятӣ хоҳад дошт. Вобаста ба он ки дар пушти ин ҳодиса чӣ касе қарор дорад, ин ҳодиса ба таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ ҳам таъсиргузор хоҳад шуд”.
Аммо мақомот ин эълонро ба қафо мепартоянд ва шубҳаҳои зиёде байни мардум эҷод мекунанд. Ва ин кор ба обрӯи кишвар ҳам дар сатҳи байналмилал латма мезанад ва сайёҳони дигарро метарсонад. Дар соле, ки «соли рушди сайёҳӣ» эълон шудааст.
Дар ҳоле, ки ин мақола ба нашр омода мешуд, хабар расид, ки се гумондари дигар, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт шудаанд.