11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Вазири хориҷа: мо зидди ширкати тоҷикон дар ҷанги Русияву Укроинем

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон мақомоти кишвар зидди ширкати тоҷикон дар ин ҷанги Русияву Укроин ҳастанд. Дар ҳамин ҳол аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ҷанг изҳори бехабарӣ кард.

Вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки имрӯз 17 феврал баргузор шуд, гуфт «мо ҳама корро карда истодаем», то шаҳрвандони Тоҷикистон аз ягон тараф дар ин ҷангҳо ширкат накуранд.

Ӯ таъкид кард сафоратҳову консулгариҳо ва ҳатто ҷамъиятҳои тоҷикон дар Украина, Русия ва Қазоқистон барои пешгирӣ аз ширкати тоҷикон дар ҷангҳо корҳои лозимиро анҷом медиҳанд.

“Бо донишҷӯёну дигарон мулоқотҳо мекунему мефаҳмонем, ки ба чунин корҳо пайваст нашаванд. Мардуми мо озоданд, дар дигар кишварҳо мехонанду кор мекунанд. Ақидаву нигоҳи худро дорад. Бо кадом роҳҳо ба он ҷойҳо рафтаанд мо намедонем, лекин мо зидди чунин ҷараёнҳо ҳастем ва намехоҳем, ки шаҳрвандони мо дар он ҷойҳо иштирок кунанд”, — шарҳ дод Сироҷиддин Муҳриддин.

Муҳриддин аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуд ва  гуфт, ҳамчунин, Тоҷикистон бо Украина муносибату хуб доранд ва “тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.

То ҳол расоанҳо аз кушта шудани ҳадди ақал даҳ тоҷик дар ҷанги Укроин хабар додаанд, ки аксари онҳо аз ҷониби Русия меҷангиданд ва асосан маҷбурӣ ба ҷанг бурда шуда буданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *