10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Артиши Укроин: 20 километри мураббаъ аз ҳавмаи Баҳмутро аз русҳо бозпас гирифтем

Анна Маляр, муовини вазири дифоъи Укроин мегӯяд нерӯҳои артиши ин кишвар дар рӯзҳои ахир пешрафтҳое дар атрофи шаҳри Баҳмут кардаанд аммо дар айни ҳол нерӯҳои рус ҳам дар бахши шарқии худи шаҳр пешрафти андаке доштаанд. 

Ӯ бо ишора ба ин матлаб таъкид кард, ки дар чанд рӯзи гузашта ҳудуди 20 километри мураббаъ аз минтақае дар атрофи Баҳмут аз сӯи нерӯҳои украинӣ пас гирифта шудааст. 

Ӯ дар канали худ дар Телеграмм тавзеҳоти бештаре дар ин робита ироа кард ва навишт: “тайи чанд рӯзи ахир нерӯҳои мо тавонистанд душманро беш аз гузашта ба ақиб биронанд ва ҳудуди 20 километри мураббаъ дар шимолу ҷануби ҳавмаи Баҳмутро озод карданд. Дар айни ҳол душман дар худи шаҳри Баҳмут то ҳудуде пешравӣ ва бо истифода аз тӯпхонаи худ шаҳрро ба куллӣ вайрон мекунад.” 

Ӯ ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ки Русия дар ҳоли эъзоми сарбозони ҷадиде ба минтақа аст то битавонад шароитро ба суди худ тағйир диҳад. 

Артиши Укроин ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки пас аз моҳҳо даргирии сангин ақиб рондани нерӯҳои русӣ дар атрофи Баҳмут дар шарқ ин кишварро оғоз кардааст. Маскав низ дар муқобил эълон карда буд, ки нерӯҳояш дар шимоли шаҳр ақибнишинӣ кардаанд. 

Владимир Зелеснкий ҳам гуфта буд, ки нерӯҳояш қабл аз шурӯъи як зидди ҳамлаи бузург ба замони бештаре ниёз доранд. Ў ҳамчунин афзуда буд, ки нерӯҳои Киев русҳоро “аз чанд ҷиҳат” ақиб рондаанд. 

Дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳои мутааддиде дар хусуси ин ки эҳтимолан Киев дар ҳоли омодасозӣ барои анҷоми як зиддиҳамлаи муҳим аст, мунташир шуда буд. Чандин блогнависи низомии Русия рӯзи панҷшанбе иддао карда буданд, ки Укроин ҳамлаи мавриди интизори худро бо шикастани бахшҳое аз хатти муқаддам оғоз кардааст. Аммо мақомоти укроинӣ рӯзи ҷумъа ин гузоришҳоро беаҳамият хонданд. 

Маскав ҳудуди 15 моҳ пеш ба Баҳмут, шаҳре, ки дар он замон ҳудуди 70 ҳазор нафар ҷамъият дошт ҳамла ва аз ин шаҳр ба унвони пуле барои тасарруфи дигар манотиқи шарқии Донбасс истифода кардааст.

Дар интизори ваҳшиҳо

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *