Рақобатҳои якчаҳорумниҳоии Ҷоми ҷаҳонии Қатар имрӯз шурӯъ мешавад
Рақобатҳои марҳалаи якчаҳорумниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи 2022 Қатар имрӯз бо дидори Бразилия ва Хорватия соати 20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ин марҳала бо дидорҳои Нидерланд-Аргентина, Марокаш-Португалия ва Англис-Фаронса пайгирӣ хоҳад шуд.
Дар ин росто, дидори Нидерланд ва Аргентина низ имрӯз соати 22 дар варзишгоҳи 88 ҳазор нафараи “Лусаил”-и Қатар баргузор хоҳад шуд.
Дар яке аз дидорҳои якчаҳорумниҳоӣ тими миллии Марокаш “шерҳои атлас” ба унвони танҳо намояндаи африқоӣ дар ин марҳала бо Португалия рақобат хоҳад кард.
Ин дидор рӯзи шанбе дар стадиони Ал-Тумама соати 20 баргузор хоҳад шуд.
Рӯзи шанбе ҳамчунин саҳнаи як бозии муҳим дигар байни Фаронса ва Бринтаниё хоҳад шуд.
Ин дидор низ дар стадиони Ал-Байт ва нимашабӣ баргузор хоҳад шуд.