ЗИҲОР
(Ба зан, ту мисли модарам ҳастӣ, гуфтан)
Дар замони ҷоҳилият, агар мард ҳамсарашро талоқ додани мешуд, ба ҳамсараш мегуфт, ки ту барои ман мисли модарам ҳастӣ, бо ҳамин зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо мешуданд, ки инро дар шариат Зиҳор мегӯянд. Мард бо нияти талоқ додан, ба занаш мегӯяд, ту мисли модарам барои ман ҳаром ҳастӣ ва ё ту монанди модарам ҳастӣ. Мақсад аз зиҳор кардан, ҳаром намудани занушавҳарӣ буд ва занҳо бо шунидани ин калима дарк мекарданд, ки дигар барои ҳамсаронашон ҳаром ҳастанд ва набояд бо онҳо зиндагӣ кунанд.
Пас аз омадани Ислом, Аллоҳ барои бартараф кардани зулми мардҳо нисбати занҳо ин одати арабҳоро ҳаром гардонид ва зиҳорро талоқ на, балки навъи қасам эълон кард.
Бо иттифоқи тамоми уламо ба қасди талоқ занро зиҳор кардан, яъне ту ба ман мисли модарам ҳастӣ ва ё мисли хоҳарам ҳастӣ гуфтан, ҳаром мебошад. Ҳар марде, ки ба ҳамсараш ин суханро мегӯяд, агар қасдаш талоқ бошад, гунаҳгор мешавад.
Дар тамоми китобҳои ҳадис омадааст, Авс ибни Сомит ҳамсари худ Ҳавла бинти Моликро зиҳор мекунад, ба Ҳавла мегӯяд, ту барои ман мисли модарам ҳастӣ ва гуфтани ин ҷумла, қасди ҷудо шуданро дошт.
Хавла ин суханро шунида ба назди Паёмбар омада, шикоят мекунад ва мегӯяд:
Ё Расулаллоҳ, Авс ибни Сомит маро ба зани гирифт, дар ҳоле, ки ҷавон будам, зебову дӯстдоштани будам, ба ӯ фарзандони зиёд иҳдо кардам, ҳамроҳаш солҳо зиндагӣ кардам, акнун, ки пиру фартут гаштаму дигар фарзанде аз ман ба дунё намеояд, маро зиҳор кард, ба ман ту барои ман мисли модарм ҳастӣ, гуфт, ман бошам якчанд кӯдаки хурд дорам, агар ба шавҳарм онҳоро диҳам, онҳо бе ман зойеъ мешаванд, агар бо худ гирам, гурусна мемонанд. Паёмбари Аллоҳ шумо гӯед, ман чӣ кор кунам?
Паёмбар сухани Ҳавларо шунида, ба ӯ мегӯянд: Ман аз назди Парвардигорам чизеро надорам, ки ба ту гӯям.
Ҳавла сухани Паёмбарро шунида мегӯяд: Парвардигоро, ман шикоятамро ба сӯи худат мебарам.
Оре, шикоят ба Аллоҳе мебарад, ки ҳамеша ҳозиру нозири бандагонаш аст.
Аллоҳ шикояти Ҳавларо аз болои ҳафт осмонҳо мешунавад ва оятҳои худро нозил мекунад.
Ҳазрати Оиша мегӯянд: Ситоиш Аллоҳеро, ки шунавоияш тамоми овозҳоро фаро мегирад. Ҳавла ба хонаи мо омада, бо Паёмбар сӯҳбат кард, ман дар ҳамон утоқ нишаста будам, аммо садояшро намешунидам, хеле бо овози паст сухан мекард, аммо Аллоҳ ӯро шунид ва ин оятҳоро нозил кард:
قد سمع الله قول التي تجادلك في زوجها و تشتكي الى الله والله يسمع تحاوركما ان الله سميع بصير
Ба ростӣ, ки Аллоҳ шунид сухани занеро, ки оиди шавҳараш бо ту гуфтушунид мекард ва ба Аллоҳ шикоят бурд, Аллоҳ гуфтугӯи ҳардуи шуморо шунид, ба ростӣ, ки Аллоҳ шунаво ва биност. (сураи Муҷодала ояти 1)
Дар давом сура Аллоҳ мегӯяд:
ألذين يظاهرون منكم من نسائهم ما هن امهاتهم ان امهاتهم الا اللاتي ولدنهم و انهم ليقولون منكرا من القول و زورا و ان الله لعفو غفور
Мардҳое, ки занҳои худро зиҳор мекунанд, ба онҳо ту бароям мисли модарам ҳастӣ, мегӯянд, бидонед, ки ҳамсаронашон модарони онҳо нестанд, модари онҳо занҳое мебошанд, ки онҳоро ба дунё овардаанд, ба ростӣ, ки онҳо суханҳои мункару напизируфтанӣ ва ҳарфҳои бӯҳтон мезананд ва албатта, ки Аллоҳ барои касоне, ки пас аз зиҳор кардан, тавба мекунанд, авфкунандаву бахшояндааст. (сураи Муҷодала ояти 2)
Оятҳои сураи Муҷодала бо тамоми вузуҳ баён мекунад, ки ба зан, ту ба ман мисли модарам ҳастӣ, гуфтан гуноҳ ва бӯҳтон мебошад. Вақте ин оятҳо нозил мешавад, Паёмбар ба Ҳавла мегӯянд: Шавҳарат бояд барои каффораи зиҳорӣ кардааш як ғуломе озод кунад. Ҳавла мегӯяд, ӯ тавоноии озод кардани ғуломро надорад.
Паёмбар мегӯянд: Ин тавр бошад ду моҳ пай дар пай, ягон рӯз қатъ накарда, рӯза бигирад.
Ҳавла мегӯяд: Эй Паёмбари Худо, ӯ хеле солхӯрдааст, ду моҳ паи ҳам рӯза гиррифта наметавонад.
Паёмбар мегӯянд: Пас бояд шаст нафар камбағалро таъом диҳад.
Ҳавла мегӯяд: Шавҳарам худ камбағал аст, ба шаст нафар таъом дода наметавонад.
Паёмбари раҳмат инро шунида мегӯянд: Ман ба ӯ бо миқдори зиёди хурмо кӯмак мекунам, то ба шаст нафар таъом диҳад. Ҳавла мегӯяд, ман низ ба шавҳарам бо миқдори зиёди хӯрмо кумак мекунам, то каффораи сухани кардаашро диҳад.
Паёмбар мегӯянд, аҳсан ба ту, ба шаст нафар аз номи ӯ таъом бидеҳ ва ба наздаш баргард.
Тибқи шариат ҳар марде, ки ҳамсарашро ба нияти ҳаром кардан ва ё талоқ додан, ту бароям мисли модарам ҳастӣ гуяд, ҳамсараш барои ӯ талоқ намегардад, аммо барои дубора ба ҳамсараш наздикӣ кардан, барояш фарз аст, каффора диҳад.
Каффораи Зиҳор чӣ гунае, ки дар ояти сеюм ва чаҳоруми сураи Муҷодала омадааст ва дар ҳадиси боло низ гуфта гузаштем, яке аз ин се чиз мебошад:
Озод кардани ғулом, ки алҳамдулиллоҳ дар замони мо ҳеҷ як ғуломе вуҷуд надорад ва ба ҷои ғулом як нафар зиндониеро бо пардохти маблағ озод кунем, кофист.
Агар барои озод кардани зиндонӣ қудрат надошта бошад, ду моҳ ягон рӯз қазо накарда, рӯза мегирад.
Агар барои рӯза гирифтан низ қудрат надошта бошад, ба шаст нафар камбағал таъом медиҳад, ба шаст нафар якуним кило биринҷ ва ё навъи дигари хӯрока медиҳад ва ё барои шаст нафар таъом пӯхта, онҳоро меҳмон мекунад.
Дар назди имом Абуҳанифа ва баъзеи уламои дигар зиҳор гуфтан, танҳо ба монанд кардани ҳамсар ба модар нест, балки вақте мард ба қасди ҷудо шудан, агар ҳамсарашро ба яке аз маҳрамҳои доимии худ мисли хоҳар, бибӣ, амма, хола ва дигарҳо монанд кунад ҳам, зиҳор воқеъ мегардад ва бояд каффора диҳад.
Марде, ки ба ҳамсараш ту барои ман мисли модарам ва ё хоҳарам ҳастӣ мегӯяд, агар нияташ ба ту наздикӣ карданам ҳаром аст ва ё бо ту ҳамчун зан зиндагӣ карданам ҳаром аст, бошад то даме, ки каффора надиҳад, ба ҳамсараш наздикӣ карда, ҳамчун занушавҳар зиндагӣ кардан ҷоиз нест. Барои он ки дубора бо ҳамсараш зиндагӣ кунад, бояд каффора диҳад.
Аммо, агар шавҳар ба занаш ту мисли модарам ҳастӣ ва ё хоҳарам ва ё духтарам ҳастӣ гӯяд ва нияташ меҳрубонӣ ва ё эҳтиром бошад, яъне туро мисли модарам дӯст медорам, эҳтиром мекунам, бошад, дар ин вақт зиҳор намешавад, ҳеҷ каффора низ вуҷуд надорад, барои он ки мақсади шавҳар танҳо эҳтиром буду ҷудо шудан набуд. Вале ба иттифоқи уламо агарчӣ аз рӯи эҳтирому меҳрубонӣ бошад ҳам барои мард макрӯҳ аст, ки зани худро ба яке маҳрамони худ монанд кунад. Ба ҳамсари худ ту мисли модарам, хоҳарам, холаам гуфтан хуб нест. Инчунин, монанд кардани зан ба яке аз маҳрамҳо чеҳраат мисли чеҳраи модарам ва ё хоҳарам гуфтан низ макрӯҳ мебошад. То тавон бояд аз суханҳое, ки ба шубҳа наздик ҳастанд, дур бошем.
Баъзан надониста аз даҳон баромадани калимаҳо мисли ҳамсарро модар ва ё хоҳар гуфта садо задан, боке надорад, барои он ки аз рӯи хато ва ё фаромӯши буд, аммо аз рӯи ҳазлу шухӣ бошад ҳам, ҳамсарони худро бо калимаҳои апа, оча, хола ва амсоли инҳо садо назанед ва занҳо низ беҳтараш шавҳарони худро ака, аму ва дигар маҳрамҳои худ, агарчӣ шухӣ бошад ҳам садо накунанд, чун ин калимаҳо дар назди тамоми уламо макрӯҳ мебошад.
Муслимаи Аҳмадӣ