Чин дар панҷ рӯз аз 9 миллион нафар дар шаҳри Тсиндао тести коруно мегирад
Ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, ки дар давоми панҷ рӯз вируси коруноро аз тамоми 9 миллион сокини шаҳри Тсиндао озмоиш кунад.
Қарор дар бораи гузаронидани ин озмоиши васеъ дар шаҳр пас аз муайян шудани якчанд ҳолати нав қабул карда шуд.
Ба гуфтаи мақомоти Чин, ҳамаи ин афрод ба гунае ба беморхонаи шаҳр, ки дар он шахси сироятёфта табобат мегирифтанд, робита доштанд.
Ин бори аввал нест, ки Чин тамоми сокинони як шаҳрро дар коруно месанҷад, моҳи майи соли равон ҳукумати Чин ҳамаи 11 миллион сокини Вуҳонро, ки маркази нахустин хуруҷи коруно дар ҷаҳон аст, озмоиш кард.
Чин аз замони хуруҷи ибтидои он тавонист ки вируси коруноро назорат кунад.
Гарчанде ки Чин манбаи паҳншавии вируси коруно буд, имрӯз қисматҳои дигари ҷаҳон аз хуруҷи Covid 19 таъсири хисорат дидаанд ва бисёр кишварҳо кӯшиш мекунанд, ки бо ҷорӣ кардани маҳдудият ва карантин ин бемориро назорат кунанд.
Тибқи иттилои масъулини соҳаи тандурустӣ дар Тсиндао, дар шаҳр шаш ҳолати нав ва инчунин шаш нафар бо нишонаҳои вирус ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти Чин тасмим доранд, ки ташхиси коруноиро барои ҳама сокинони ин шащр анҷом диҳанд, ҳарчанд шумораи гирифторон дар шаҳр хеле кам аст.
Тибқи иттилои Комиссиюни тандурустии Тсиндао, тамоми сокинони панҷ ноҳияи ин шаҳр пас аз се рӯз ва тамоми шаҳр дар панҷ рӯз аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.
То кунун беш аз 114 000 нафар, аз ҷумла кормандони тиб ва беморон дар бемористонҳои шаҳри Тсиндао, аз ташхиси коруно гузаштанд.
Наворҳои видеоӣ, ки шоми якшанбе нашр шуданд, нишон медиҳанд, ки сокинони Тсиндао барои ташхиси коруно саф кашидаанд.
Ҳодисаҳои нави ин беморӣ дар шаҳри Тсиндао пас аз ба итмом расидани ҳафтаи тиллоии истироҳат дар Чин, ки аксар одамон барои як ҳафта ба хонаҳояшон сафар мекунанд, муайян карда шуданд.
Тибқи гузориши Global Times бо истинод ба масъулони соҳаи тандурустии Тсиндао, шаҳр дар рӯзҳои таътил тақрибан 4,5 миллион мусофир дошт.
Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ҷинан, дар наздикии Тсиндао, ба ҳамаи сокинон гуфтаанд, ки агар онҳо аз рӯзи 23 сентябр дар Тсиндао қарор будаанд, бояд аз ташхиси коруновирус гузаранд.
Дар охири моҳи гузашта, ду корманди соҳаи баҳрӣ дар шаҳри Тсиндао ба коруно сироят ёфтанд ва баъдтар гуфтанд, ки ба дигарон сироят накардаанд.
Теъдоди мубталоёни коруновирус дар Чин якбора коҳиш ёфта, ба назар мерасад, ки кишвар аз бӯҳрон наҷот ёфтааст.
Мақомоти Чин мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 85 578 нафар мубталоёни ин вирус ҳастанд ва шумораи кушташудагон аз ин вирус 4634 нафар аст.