10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қазоқистону Чину Туркия шарикони содиротии Тоҷикистон боқӣ монданд

Шарикони асосии содиротии Тоҷикистон Қазоқистон, Чин, Туркия ва Узбакистон мебошанд.

Тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон 21,2% аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад. Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 287 миллиону 900 ҳазор доллар коло содир шудааст, аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 493 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил додааст.

Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Чин дар ин давра 766 миллиону 100 ҳазор доллар ва воридот беш аз 521 миллион долларро ташкил додааст.

Дар маҷмӯъ, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 4 миллиарду 100 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми воридот беш аз 2 миллиарду 700 миллион долларро ташкил дода, 245,2 фоиз ё 559 миллиону 200 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.

Содироти мол 1 миллиарду 300 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба як соли қабл 1,9 фоиз ё 25 миллиону 700 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *