Мақомот Тоҷикистон аз соҳибкорон пешпардохти андозро талаб доранд
Кумитаи андоз ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аз соҳибкорони тоҷик талаб доранд, ки андози нимсолаи аввалро пешпардохт кунанд. Агар дар бархе аз ноҳияҳо инро “кӯмак ба давлат дар шароити бӯҳронӣ” номидаанд, дар навоҳии дигар таҳдид кардаанд, ки дар сурати пешпардохт накардан соҳибкорон ҷарима хоҳанд шуд.
Мақомоти андози вилояти Хатлон ҳатто кӯшиши аз ҷомеъаву расонаҳо пинҳон кардани талаби ғайриқонунии худро накарда, ба корхонаву соҳибкорон мактуб ирсол кардаанд.
Мақомоти андози ноҳияи Вахш бошад, бо талаби пардохти андози нимсолаи нав аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар кӯчаҳо эълон часпондаанд. Дар эълон гуфта мешавад, дар сурати пешниҳод накардани ҳисоботи нимсола (напардохтани андоз) то 10 май, тибқи моддаи 601-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ, хоҷагиҳо аз 1700 то 5800 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Таҳдиди ҷарибандӣ барои пешниҳод накардани ҳисобот барои нимсолаи аввали соли 2020 дар ҳолест, ки нимсола охири моҳи июн тамом мешавад ва хоҷагиҳо ҳақ доранд ҳисоботро то моҳи сентябр пешниҳод кунанд.
Ҳамин ҳолат, тибқи иттилоъи манобеъи Паём дар ҳама ноҳияҳои вилояти Хатлон мушоҳида мешавад. Дар ноҳияи Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Румӣ кормандони кумитаи андоз ба сари заминҳо рафта ба ҷаримабандӣ шурӯъ кардаанд. Чанд ҳолати ҷаримабандӣ барои истифодаи коргарони иловагӣ ва напардохтани андози иҷтимоӣ низ рух додааст. Дар ҳоле, ки “коргарони иловагие”, ки кормандони андоз “ба қайд” гирфитаанд, аъзои хонаводаи хоҷагидор гуфта мешаванд.
Дар вилояти Суғд вазъият беҳтар нест. Барои мисол мақомоти иҷроия ва андози шаҳри Истаравшан соҳибкоронро ба маҷлиси калон бо иштироки 300 то 500 нафар хабар кардаанд. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дар ин маҷлис аз соҳибкорон дархост хоҳад шуд, ки “барои дастгирӣ аз давлату ҳукумат дар рӯзҳои вазнини бӯҳронӣ” андози нимсолаи аввалро пешпардохт кунанд.
Дар ҳамин ҳол қарор аст намояндаи ҳукумат дар маҷлис онлайнӣ ширкат карда, баромади ӯ ба соҳибкорони ҷамъшуда аз телевизион намоиш дода шавад. Ду соҳибкори истаравшанӣ, ки Паём бо онҳо тамос гирифт, гуфтанд, ки дар ин ҷаласа ширкат нахоҳанд кард. “Ними Истаравшан бемор аст, ба ин маҷлис, ки рафтӣ, 90 дарсад гирифтори вирус мешавӣ”, гуфт яке аз онҳо.
Дар ноҳияҳои дигар, аз ҷумла Исфара, Ашт ва Конибодом низ аз соҳибкорон талаб доранд андози нимсолаи аввали соли 2020-ро пешпардохт кунанд.
Сообщение ПАЁМ.net.