Қирғизистон назорат дар марзҳояш бо Тоҷикистонро пурзӯр кард
Дар робита ба афзоиши шумори шахсони сироятёфта аз коронавирус дар Тоҷикистон назорати сарҳади байни Қирғизистону Тоҷикистон пурзӯр карда шуд.
Дар ин бора хабаргузории 24.kg хабар медиҳад. То 7 май дар худи Қирғизистон расман 895 ҳолати сироят аз коронавирус сабт шудааст.
Акрам Мадумаров, муовини сарвазири Қирғизистон дар ҷаласаи Жогорку Кенеш гуфтааст, “Аз ҳамаи ноҳияҳои наздисарҳадӣ боздид кардам, шумори сарҳадбононро зиёд кардем, нисбат ба замони осоишта имрӯз ҳарбиён дар сарҳад зиёдтаранд. Мо назоратро пурзӯр мекунем, Тоҷикистон ҳам аз ҷониби худ тақвият медиҳад. Агар лозим ояд, боз тадбирҳои иловагӣ меандешем”.
Тавре хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад, дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҳамаи шахсони аз Тоҷикистон баргаштаро ба карантин мефиристанд.
Ба хабаргузорӣ дар дастгоҳи ҳукумати вилоят гуфтаанд, “аз Тоҷикистон 27 нафар донишҷӯён баргаштанд. Ҳамаи онҳо дар карантин қарор доранд”.
То 7 май дар Қирғизистон расман 895 ҳолати сироят аз коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумор 637 нафар шифо ёфта, 12 нафар фавтидаанд. Дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, то 6 май шумори сироятёфтагон аз коронавирус ба 379 нафар расида, 8 нафар вафот кардаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.