Конфронси САҲА дар Варшава ва пайомадҳои он
30-уми сентябри соли 2016 конфронси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон ба кори худ хотима бахшид, аммо фишору таъқибҳои баъзе аз кормандони қудратӣ дар Тоҷикистон алайҳи хонавода ва пайвандони мухолифони ҳукумат, ки дар пикетҳои эътирозие дар ҳошияҳои ин нишастҳои ҷаҳонӣ иштирок карда буданд, то ҳол идома доранд.
Конфронси солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) мавсум ба “Буъдҳо-ченакҳои инсонӣ”-и Варшава яке аз муътабартарин минбарҳои гузоришдиҳии кишварҳои узви ин созмон аз корномаҳои худ ва додхоҳии мухолифону ҷабрдидагони ин давлатҳо аз ҳукуматҳояшон мебошад. Дар ин конфронс бар иловаи ҳайъатҳои расмии кишварҳои узв мухолифони онҳову мунаққидон, журналистон ва коршиносону намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ низ аз 57 кишвари узв ба хотири нақду баррасии коргузории ин кишварҳо ва оянданигарӣ дар сиёсатҳои САҲА дар он иштирок карданд.
Намиоиши заъфҳо
Дар конфронси имсолаи САҲА бар иловаи ҳайъати расмии Ҳукумати Тоҷикистон, ҳайъатҳои мухталифи мухолифон ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ аз дохил ва хориҷи кишвар дар он ҳузур доштанд. Аммо ҳузури фаъолона ва пуршӯри ҳайъатҳои мухолифин, ба вежа аз Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ, Анҷумани нерӯҳои созанда ва дигар фаъолони инфиродӣ дар ҷаласаҳои ин конфронс барои ҳайъати расмии кишвар ғайри чашмдошт буд.
Ин ҳайъати расмӣ, ки иборат аз фиристодаҳои махсуси ҳукумат буд, бидуни омодагии комил ба ин конфронс сафарбар шуда буданд. Ба ин далел эшон натавонистанд, ки ба оддитарин суолҳои мухолифон ва мунаққидон дар хусуси рафторҳои ғайриинсонӣ ва қонуншиканиҳои пай дар пайи мақомоти қудратӣ дар кишвар посухҳои мантиқӣ ва дуруст диҳанд.
Аз сӯи дигар, чун ин ҳайъати ҳукуматӣ маъмур ба расонидани паёмҳои мақомоти кишвар буд, наметавонист аз пеши худ ҳарфе гӯяд. Биноан, дар ҳар ҷаласае то даҳ маротиба ҳам ба хотири машварату маслиҳатпурсӣ аз мақомот ва ҳукумат толорро тарк карда, дубора нигарону саргардон вориди толор ва бо ҳам гӯшакӣ мекарданд. Ин гӯшакӣ карданҳо дасти кам ду заъфи фиристодаҳои ҳукуматро ба намоиш мегузошт, яке адами огоҳӣ ва муҷаҳҳаз набудан ба донишҳои навини иттилоърасонӣ ва дигаре занҷирбанд будан дар қайди чанд нафаре аз мақомоти қудратӣ, ки ҳар чӣ онҳо дикта мефамуданд, инҳо ҳамонро такрор мекарданд. Бо ин вуҷуд, билохира чун ҳақоиқ рӯшантар ва суолҳои бепосухро аз ҳади тавони бардоштҳояшон зиёдтар шуниданд, гирифтори азоби виҷдонҳояшон гардида, сабрашон ҳам ба поён расид.
Инҷо рафторҳои ҳукуматро танҳо мухолифин интиқод намекарданд, балки мунаққидону ҳомиёни ҳуқуқи башари кишварҳои мухталиф ва намояндагони созмонҳои ҷаҳонӣ низ амалкардҳои Тоҷикистонро дар қиболи мардум ва озодандешонаш маҳкум мекарданд. Ин буд, ки бо шунидани ҳар интиқоду маҳкумиятҳо намояндаҳои ҳукуматӣ ранг мебохтанд. Биноан ҳайъати расмӣ ба хотири аз ҳад зиёд шарманда нашудани ҳукумати худкома баъди 4 рӯз аз оғози ин ҷаласаҳо ҷомаданҳояшонро ҷамъ карда, ба баҳонаи ҳузури мухолифин, ки гӯиё онҳоро “нороҳат” ва “нигарон” мекунад, аз ин конфронс гурехтанд.
“Чапгирии САҲА ё чапфаҳмии Ҳукумат?”
Баъд аз фирори ҳайъати расмии Тоҷикистон аз конфронси САҲА Ҳукумати кишвар тавре вокуниш нишон дод, ки гӯё ин созмони муътабари аврупоӣ онро “ЧАП” гирифта бошад. Даъватҳои расмии ҳайъатҳои гуногуни мухолифинаш низ ба ин конфронси бонуфӯз яке аз далелҳои “ЧАП”-гирии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби САҲА арзёбӣ шуд. Бинобар ин, Ҳукумат дар ҳол гумоштаҳои худро ба назди бинои САҲА дар шаҳри Душанбе фиристод ва онҳо бо нишони эътироз дару девори ин биноро сангборон карданд.
Аммо ба назари муаллифи ин сатрҳо, дар асл Ҳукумати Тоҷикистон бо гузашти даҳсолаҳои узвият дар ин созмон, натанҳо то ҳол принсипҳои асосии онро дуруст дарк накардааст, балки муъзами онҳоро ЧАП фаҳмида ва ҳамин тарв ЧАП онҳоро дар худ ҳазм кардааст.
Онҳо дунёро чап мефаҳманд ва дар бораи ҳодисаҳои он чап фикр мекунанд ва ба ин далел саранҷом аксари тасмимҳо ва рафторҳояшон натиҷаҳои маъкус-сарчапа медиҳанд.
Иштибоҳот ва ғалатҳои фикрии ҳукумат
Дар чанд соли ахир раҳбарият кишвар муъзами мухолифону озодандешонашро бо тамғаҳои хашинчеҳраву бадандеш, гумроҳкунандаи миллат ва даҳшатафкану мардумситез муттаҳам карда, қисме аз онҳоро боздошту зиндонӣ ва қисмеро ҳам аз Ватан фирорӣ додааст. Аммо ин рафторҳо ва амалкарҳои ахири ҳукуматдорони феълӣ дар қиболи иштирокчиёни конфронси САҲА болои тамоми ин айбҳои мухолифон хати бутлон кашид ва амалан раҳбарияти кишвар ва бавежа мақомоти қудратӣ бори дигар аз чеҳраи таҳаммулнопазиру хашинрафтор, бадгумону миллатситез ва ҳаросафкани худ парда бардоштанд.
Бо ин ҳол, ин ҷо иштибоҳи ҳукумат буд, ки ғалат фикр мекунад САҲА онро “ЧАП” гирифтааст. Ғалат фикр мекунад, ки мухолифонаш заъифу нотавон ва пароканда шудаанд, ки ҳеч нерӯе онҳоро ҷамъу гирдоварда наметавонад. Ҳукумат ғалат кардааст, ки то ҳол заъфҳои худашро нашинохтаву тавонмандиҳои мухолифонашро ба иштибоҳ баҳогузорӣ кардааст. Ин хел ҳам фикр кардан, ки гӯиё мардуми дунё ҳама туҳмату дурӯғҳои як ҳукумати худкомаро дар ҳаққи мухолифонаш қабул мекунанд, комилан ғалат аст. Ҳукумати кишвар иштибоҳ фикр мекунад, ки гӯиё бо фишор тамоми мардуми кишварро бо дурӯғҳояш мутақоид карда метавонад ва ҷаҳониён низ дар бораи режими 24-солаи Эмомалӣ Раҳмон чизеро намедонанд ё роҷеъ ба он намеандешанд ва ҳодисаҳои рӯзмараи кишварамонро пайгирӣ намекунанд.
Мақомдорони ҳукумат ғалат мепиндоранд, ки гӯиё дар ин асри иттилоот ҳамагуна рафторҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии онҳо аз чашми мардум ва ҷомеа пинҳон мемонанд!
Тазоҳуроти иҷборӣ алайҳи тазоҳуроти ихтиёрӣ
Дар рафти баргузории ҷаласаҳои Конфронси САҲА дар Варшава мақомоти Тоҷикистон, бавежа қисме аз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Вазорати корҳои дохила (ВКД)-и кишвар дар ҳамдастӣ бо гумоштаҳои ин ду ниҳоди қудратӣ, донишҷӯён ва занҳои зархариде бар ивази 10 то 15-сомонӣ тазоҳуроти сохта ва иҷбориеро дар дохили кишвар роҳандозӣ карданд. Ин тазоҳуроти иҷборӣ алайҳи иштирокчиёни пикетҳои эътирозии нишастҳои САҲА дар Варшава ва дигар мухолифони садобаланд дар назди хонаҳои падару модар, хоҳару бародар ва пайвандони онҳо дар Тоҷикистон баргузор карда шуданд. Дар ин тазоҳуротҳои ғайриқонунии мақомоти қудратӣ “эътирозгарони маҷбурӣ” аз марзҳои инсонӣ ва мантиқҳои салим убур карданд.
Дастандаркорони ин тазоҳуротҳо аз кормандони КДАМ ва ВКД то ҷое пояшонро фаротар аз гилемашон дароз карданд, ки нисфи баданашон урён ва аз зери курпаашон берун монд. Мардум ва ҷомеа чеҳраи воқеии онҳоро шинохт, ҳол он, ки мебоист ба хотири амнияти давлатдорӣ аксари ин чеҳраҳо пинҳон ва барои ҷомеа ношинохта боқӣ мемонданд. Чун парда аз чеҳраашон барафтод ҳам амнияти худу хонавода ва ҳам амнияти давлатдориро дар ояндаи наздик зери хатар гузоштанд.
Ин тӯдаи бехираду бемағз бар иловаи анҷоми корҳои ғайриқонуниашон он ҳамаро корҳои худро аксу наворбардорӣ ҳам карданд, ки онҳо ҳамчун санадҳои воқеӣ сабт шуданд. Аз сӯи дигар мухолифон низ ин ҳама аблаҳиҳои мақомотро лаҳза ба лаҳза сабт ва барои созмондиҳии барномаҳои ояндаашон дар шакли гузориш таҳия мекарданд.
Дирӯз агар баъзе аз кормандони мақомоти қудратӣ фарзандону пайвандони мухолифонро дар хонаву мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ зери фишорҳои равониву ақлонӣ ва физикӣ қарор медоданд, пас бояд ин тӯдаи камақл мунтазири он бошанд, ки фардо касоне пайдо хоҳанд шуд, ки ҳол ва рӯзгори фарзадону пайвандони онҳоро низ табоҳ ва зиндагиро барояшон бадтар аз зиндон бигардонанд. Имрӯз агар мақомоти қудратӣ пайвандони мухолифонро маҷбур мекунанд, ки ба нафъи ҳукумат ва бар зидди озодандешон мавзеъгирӣ кунанд, фардо насле аз онҳо ба воя хоҳад расид, ки агар ҳам лозим шавад қасоси ин ҳамаро бо хун хоҳанд гирифт.
Майдондорӣ ё бозшинохти мухолифон
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон то қадри тавон талош карданд дар ин конфронси байналмилалӣ ва дар байни намояндаҳои зиёда аз 57 кишвари дунё чеҳраи худро азнав ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Ин ҷаҳду талошҳои мухолифон ҳам натиҷа дод ва ҳам рашки ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти қудратии онро ба вуҷуд овард. Намояндаҳои Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24”-ҷиноҳи Суҳроб Зафар то охирин рӯз ва ба андозаи тавон ва потенсиали зеҳниашон чеҳраи ин ҳаракатро ба намоиш гузоштанд. Коре, ки онҳо дар ин муддати кӯтоҳ анҷом доданд, дар таърихи ин ҳаракат назир надорад.
Аз ҷониби дигар, фаъолони сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории пикетҳои эътирозӣ ва нишастҳои ҷудогонае дар ҳошияи ин конфронс бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот кардаанд, ки агар ҳам камари ин ҳизб дар Тоҷикистон зарб хӯрда бошад, вале аъзо-ворисони он ҳанӯз зинда ва тавони азхуддифоъ карданро ба андозаи кофӣ дар ҳар майдоне доранд. Онҳо дар воқеъ тавонистанд, ки девори амниятии режими Эмомалӣ Раҳмонро рахна карда, асрори маҳрамонаи онро фош кунанд.
Раҳбари ин ҳизби исломӣ ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ тавассути суханронии онлайнии худ дар ҳошияи ин конфронс дар бораи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон силии муҳакаме ба рӯи мақомоти қудратии кишвар, бахусус онҳое, ки чанд моҳ заҳмат кашида, номи ӯро ҳамчун як ҷинояткори хатарнок ба “Интерпол” додаанд, зад.
Дар маҷмӯъ мухолифон бо фирорӣ додани ҳайъати расмии Тоҷикистон аз ин конфронси САҲА ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон паём доданд, ки замони туҳмату буҳтонҳои дурӯғинатон гузаштаасту аз ин ба баъд омода бошед, чун вақти посух доданатон фаро расидааст.
Ҳафт ҷаҳон ташаккур ба хотир таблиғоти ройгон
Дар раванди нишастҳои конфронси САҲА дар Варшава дар ибтидо баъзе аз намояндаҳои кишварҳои узв, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба суханрониҳо ва мавзеъгириҳои мухолифони ҳукумат дар қиболи режими Эмомалӣ Раҳмон бо нигоҳи шубҳа менигаристанд, аммо замоне, ки асабоният ва сардаргумии ҳайъати расмии Ҳукумати Тоҷикистонро дар ин нишастҳо медиданд, шубуҳоташон кам мешуд.
Вақте хабари “сюприз”-и ҳукумат- талаби 25 соли зиндон ба адвокати шинохота ва вакили мудофеи зиндониҳои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ ҷаноби Бузургмеҳр Ёров дар экранҳои бузурги толори ин конфронс намоиш дода шуд, шубуҳоташон боз ҳам камтар шуд. Аммо замоне, ки хабари шаҳодати марҳума Зуҳро Неъматоваи 67-сола бар асари фишори мақомоти амниятӣ дар ин толорҳо садо дод, шубуҳоти ҳама рафъ гардиду онҳо яқин ҳосил карданд, ки Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон як ҳукумати худкомаасту ба хотири бақои қудрат дар дасти як хонвода, ин режим аз анҷоме ҳеч иқдоми ғайриқонунӣ ва кори ғайриинсоние рӯ намегардонад.
Бар илова, замоне, ки дигар хабару гузоришҳо дар бораи тазоҳуроти иҷборӣ, тухмпартоӣ ва сангборони хонавода ва пайвандони иштирокчиёни пикетҳои эътирозии тоҷикони муқими Варшава дар дохили кишварамон садо медод, навъе нафрин ва нафрати намояндаҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ин конфронс ба бор меовард ва ин ҳамаро ба хубӣ аз чеҳраи эшон эҳсос кардан мумкин буд.
Аз сӯи дигар, чун дар Тоҷикистон аксари мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабару гузоришҳои воқеӣ дар бораи мухолифон дастрасӣ камтар доранд, ҳукуматдорони Тоҷикистон бо баргузории тазоҳуроти иҷбориашон корнамоиҳои мухолифинро дар байни мардум реклама карданд.
Бузургтарин таблиғоте, ки мақомоти қудратӣ аз иштирокчиёни пикетҳои Варшава дар Тоҷикистон анҷом доданд, ин нишон додани рафтаи пикетҳо ва чеҳраи баъзе аз эътирозгарони Варшава дар донишгоҳҳо буд. Ин кори мақомот аз як тараф навъе таҳрикдиҳанда ва илҳомгиранда барои мухолифони ҳукумат дар дохили кишвар буд, аз тарафи дигар як навъ умедҳоеро дар бораи расидан ба ояндаи беҳтаре ҳам дар замири аксари озодандешони тоҷик буд.
Хулоса, ҳукумат тавре мухолифонашро таблиғ ва чеҳраи онҳоро ба мардум ва шиносонид, ки агар ин ҳама корҳо бар ивази пул анҷом мегирифт, харҷашон ба миллион сомонӣ баробар мешуд. Ба ҳамин хотир, иштирокичиёни ин пикетҳои эътирозии Варшава ба тамоми дастандакорони ин иқдомҳои ҳукуматӣ ҳафт ҷаҳон ташаккури худро самимона арз медоранд.
Хулосае аз паёмҳои мақомот
Дар Тоҷикистони мо тасмимгирандаҳои асосӣ дар марказҳои қабули қарорҳо дар КДАМ ва ВКД нишастаанд, онҳо, ки ба хотири суботи миллӣ ва таъмини амнияти мардум аз буҷаи давлат касби маъош мекунанд, аммо чун ҳисси давлатдорӣ дар онҳо камёфт суботи як хонавода ва амнияти он барояшон аз суботи як давлат ва амнияти як миллат болотар қарор гирифтааст, салоҳиятҳои худро фаромӯш кардаанд.
Биноан, ба хотир дур задани афкори мардум ва ҷомеа падарону модарон, хоҳарону ҳамсарон ва дар умум пайвандони мухолифонро ба роҳҳои маҷбурӣ навобардорӣ ва алайҳи фарзандону пайвандонашон шӯронидан мехоҳанд, аммо бояд гуфт, ки замон кор гирифтан аз ин усулҳо кӯҳна ва он корноомад шудааст.
Иштибоҳи дигар мақомот ин аст, ки ҳар вақте бо яке аз иштирокчиёни зодаи навоҳии атрофи шаҳри Кӯлоб тамос мегирифтанд, сароҳатан онҳоро ба “худӣ” ва дигаронро ба “бегона” ҷудо мекунанд. Ин тӯда он қадар мафкураашон танг ва дидгоҳҳояшон камранг шудааст, ки фаромӯш кардаанд Тоҷикистон Ватани тамоми тоҷикистониҳо аст, чӣ Суғдӣ бошанду чӣ Ҳисорӣ, чӣ Бадахшониву ҳастанду чӣ Хатлонӣ ва ё Раштиву Зарафшонӣ!
Инҷо дар конфронси Варшава он қадар намояндаҳои кишварҳои узв, созмонҳои ҷамъиятӣ ва мунаққидон аз корнамоиҳои ҳукумати кишвар интиқод ва онҳоро маҳкум карданд, ки мухолифон шояд нисфи онҳо ҳама интиқодотро анҷом надода бошанд.
Бо ин вуҷуд, мақомот қудратии мо бахусус қисме аз кормандони КДАМ ва ВКД бо шунидани ин интиқодот ва маҳкумиятҳо он қадар дар аспи ҷаҳолат ва хашми худ муҳкам савор шудаанд, ки ҳеч тундбоде онҳоро ба худ оварда наметавонад. Эҳтимол, ба ҳамин хотир дар вақти тасмимгириҳо роҳи ифротро интихоб мекунанд. Намояндаҳои ҳайъати расмии Тоҷикистон, низ, ки гӯиё ҳузури мухолифин онҳоро дар ин конфронс нороҳат карда бошад, ҳадди аксар 35-40%-и баҳонаашон барори фирори аз инҷо буд, аммо дар асл интиқодоти намояндагони кишварҳои мухталиф ва маҳкумиятҳои пай дар пайи мунаққидони зиёд косаи сабри онҳоро лабрез ва онҳоро аз инҷо фирорӣ дод.