Ёқубҷон Назиров соҳиби унвони Қаҳрамони Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Санкт- Петербург шуд
Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик, , барандаи медали тилло гардид. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм панҷ пирӯзӣ ба даст овард.
Ёқубҷон Назиров баъди се пирӯзӣ дар даври интихобӣ бар Раймонд Де Вос азҲолланд, Озар Яқубов ҷудогари Озарбойҷонӣ ва Имеда Гоголадзи Гурҷистонӣ ба нимфинал роҳ ёфт. Ҳангоми муҳориба бо Озар Яқубови Оазрбойҷонӣ «иппон»-и аввали Ёқубҷон Назировро довар ҳисоб намекунад. Дувумбора, Ёқубҷон рақиби худро бардошта ба замин мезанад ва ба сӯи судя менигарад, ки ин дафъа ҳам «иппон»-ро нодида мегиранд ё не. То аз ҷониби судя эълон шудани хол, Ёқубҷон аз болои ҳарифаш намехезад.
Ҳатман бибинед ва бишнавед !!Ёқубҷон Назиров ва ҳарифи озарбойҷонияш )))Як бор ипонаш зад довар имтиёзаш надод ))Дуюмбора боз партобаш кард ва ба суи доварон ишора кард ,ки инро чи мегуед ?))Худо қувваташ диҳад !!
Posted by on Sunday, April 15, 2018
Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Санширо Мурао ҷудогари Ҷопонӣ ғолиб омад ва ба финал баромад.
Ёқубҷон Назиров бо паҳлавони ҷопонӣ дар ниманиҳоӣ ))
Posted by on Sunday, April 15, 2018
Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Том Бонешанскер, ки ҳайати мунтахаби Ҳолландро намояндагӣ мекард, дар муддати 55 сония бо баҳои баландтарин “иппон” пирӯзӣ ба даст овард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Зимнан, Ёқубҷон дар чаҳор қувваозмоияш бар рақибони худ пеш аз муҳлат бо баҳои “иппон” дастболо шуд.
Ёқубҷон бо паҳлавони ҳоландӣ дар ниҳоии Ҷоми Урупои Санкт Петербург ))
Posted by on Sunday, April 15, 2018
Дар Ҷоми Аврупо байни ҷавонони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки дар Қасри варзиши “Юбилейний”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, 259 варзишгар (171 писар ва 88 духтар) аз 16 кишвар, аз он ҷумла ҳашт ҷумҳурии собиқи шӯравӣ – Русия, Беларус, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон, инчунин аз Кипр, Финляндия, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Ҳолланд , Полша ва Словакия ширкат дошт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт гуштигир дохил буд, ки аз рӯи чаҳор вазн рақобат карданд, вале ба ғайр аз Ёқубҷон Назиров, варзишгарони дигари тоҷик аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.
Дар Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 28 медал (8 тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҷопон бо касби 11 медал (5 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дувум шуд. Озарбойҷон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кард. Тоҷикистон бо як медали тиллои Ёқубҷон Назиров ва як ҷойи ҳафтуми Муллораҷаб Халифаев мақоми панҷумро касб намуд.