10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Посухи сареҳи Урдуғон ба дархости Амрико мабнӣ бар оташбас дар Сурия

Урдуғон, раисҷумҳури Туркия бо сароҳати тамом тақозои Амрико мабнӣ бар поён додан ба амалиёти низомӣ дар шимоли Сурияро рад кард. Артиши Туркия ба бомбаборони нуқоти марзии Сурия идома додааст. Нерӯҳои вобаста ба артиши Сурия дар Манбиҷ мустақар шудаанд. 

Ба рағми дархости Амрико аз Туркия ва таҳрими вазирони ин кишвар, Раҷаб Тайииб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия эълом кардааст, ки ин кишвар ба амалиёти низоми худ дар шимол ва шарқи Сурия идома медиҳад. Ин дар ҳоле аст, ки гуфта мешавад нерӯҳои вобаста ба артиши Сурия бо пуштибонии Русия вориди Манбиҷ шудаанд. Пеш аз он, нерӯҳои низомии амрикоӣ аз Манбиҷ ақибнишинӣ карда буданд. 

Хабаргузории Рейтерз рӯзи чаҳоршанбе 16 октябр бо интишори гузорише аз Манбиҷ, хабар аз идомаи амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия додааст. 

Урдуғон пас аз сафари худ ба Боку ба хабарнигорон гуфтааст: “Онҳо аз мо хостаанд оташбас эълом кунем. Мо ҳаргиз оташбас эълом нахоҳем кард.” 

Урдуғон ҳамчунин гуфтааст: “Онҳо моро таҳти фишор қарор додаанд то ба амалиёти худ поён диҳем. Онҳо эъломи таҳрим алайҳи мо кардаанд. Ҳадафи мо равшан аст. Мо нигарони таҳримҳо нестем.” 

Раисҷумҳури Туркия эълом кардааст, ки ин кишвар то эҷоди минтақаи амн дар шимоли Сурия ба амалиёти низомии худ идома хоҳад дод. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки Амрико рӯзи душанбе 14 октябр расман муҷозотҳое алайҳи бархе аз масъулони Туркия пешбинӣ карда буд ва Доналд Трамп бори дигар аз “вайрон кардани иқтисоди Туркия” сухан гуфта буд. 

Сафари Майк Пенс ба Туркия 

Дар иртибот бо тақозои Амрико аз Туркия мабнӣ бар поён додан ба амалиёти низомии ин кишвар дар шимоли Сурия, гуфта мешавад, ки Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Майк Помпео, вазири умури хориҷаиин кишвар барои гуфтугӯ бо мақомоти Туркия рӯзи чаҳоршанбе 16 октябр ба ин кишвар сафар хоҳанд кард. 

Қарор аст рӯзи панҷшанбе 17 октябр Майк Пенс бо Раҷаб Таййиб Урдуғон дидор ва гуфтугӯ кунад. Амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия се рӯз пас аз тамоси телефонии Доналд Трамп ва Урдуғон оғоз шуд. Трамп пас аз тамоси телефонии худ дар рӯзи якшанбе шашуми октябр, хабар аз ақибнишинии нерӯҳои низомии Амрико аз шимоли Сурия дода буд. Ба ин тартиб, сиёсати Амрико дар Сурия пас аз панҷсоли тадовуми ногаҳон тағйир кард. 

Хабаргузории Рейтерз дар идомаи гузориши худ навиштааст, ки хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз шимоли Сурия, дар айни ҳол боиси афзоиш қудрати давлати Башшор Асад ва афзоиши нуфузи Русия ва Эрон дар ин кишвар хоҳад шуд. 

Ҳузури низомии артиши Сурия дар шимоли ин кишвар ва дар Манбиҷ ҷилвае аз афзоиши қудрати Асад дар ин бахш аз хоки Сурия аст. 

Дар чорчӯби таҳримҳо ва эъмоли фишори Амрико ба Туркия, давлати ин кишвар “Ҳалк Бонк”-и Туркияро ба муттаҳам ба давр задани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон кардааст. 

Яке аз мақомоти давлати Туркия дар вокуниш ба ин иттиҳом гуфт таҳрими “Ҳалк Бонк” аз сӯи давлати Амрико кӯмаке ба беҳбуди муносиботи ду кишвари Амрико ва Туркия нест. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мақомоти ду кишвари Амрико ва Туркия гуфтугӯ бар сари парвандаи “Ҳалк Банк”-ро соли пеш оғоз карда буданд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *