11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

“Махсуми Абдусаттор давомдиҳандаи кори диловарону айёрони Хуросон буд”

Раҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки ин дақиқаҳо ба таври мустақим дар шабакаҳои Ютуб, Фейсбук ва радиои Паём сӯҳбат мекунад, ба ҳамаи хонаводаҳои шаҳидони зиндони Ваҳдат арзи тасаллият кард ва гуфт ҳукумати Тоҷикитсон мустақиман посухгӯи ин ҷиноят аст.

Раҳбари ПМТ гуфт бори аввал нест, ки дар зиндонҳо ошӯб рух медиҳад ва зиндониёни бегуноҳ, аскарону афсарон кушта мешаванд. “Танҳо дар шаш моҳи охир ин аллакай дуввумин ҳодисаи қатли зиндониён аст”- зикр кард ӯ.

Кабирӣ дар оғози сӯҳбаташ дар бораи узви Раёсати олии ҲНИТ Махсуми Абдусаттор (Каримов Саттор) ҳарф зад ва гуфт, ӯ як нафари маъруф ва шинохта на танҳо дар дохили Наҳзат, балки байни миллат буд. “Ӯ як нафари диловар, айёр, худшинос ва ҷасур буд, ки метавон Махсумро давомдиҳандаи кори диловарону айёрони Хуросон хонд” — таъкид кар раиси ҲНИТ.

Кабирӣ зикр кард, ки Махсуми Абдусаттор ҳарчанд як нафари гоҳе тунд ва ошкоргӯ буд, кина ба касе надошт ва бисёр хоксор буд. “Яке аз вижагиҳои Махсум ин буд, ки мегуфт ҳар сухане дар доираи Куръону суннат бошад, мантиқӣ ва ба нафъи миллат бошад, ман қабул дорам. Ва воқеъан қабул ҳам мекард” — гуфт ӯ.

Раиси ҲНИТ аз охирин сафари кориаш чун раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар Тоҷикистон қисса кард ва гуфт, ки бояд баъди интихоботи соли 2015 ба минтақаҳо сафар мекард ва ба мардум изҳори ташаккур мекард. “Аввалин сафар бояд ба Кӯлоб анҷом мешуд ва Махсум ҳамсафари ман буд. Аммо мақомот иҷоза надоданд ва гуфтанд, ки мо кафолати бехатарии шуморо дода наметавонем. Аммо мо тасмим гирифтем биравем ва Махсум гуфт ман ҳамроҳатам ва чӣ шаҳодат ва чӣ мубориза бо ҳам хоҳем чашид”.

Кабирӣ таъкид кард, ки он замон ҳанӯз ваколаташ тамом нашуда ва вакили Маҷлиси намоянагон буд, “аммо моро ҳудуди даҳ маротиба дар роҳи байни Душанбеву Кӯлоб манъ карданд ва бисёр бо хушунату таҳқир бо мо муносибат мекарданд. Ҳадафашон ҳам ин буд, ки мо камтарин вокунише алайҳи онҳо анҷом диҳем, то фитнае роҳ андозанд”.

Вакили собиқи мардумӣ гуфт таҳаммули ин таҳқирҳо бисёр сахт буд ва ман хавф доштам, ки чун Махсуми Абдусаттор нафари ғаюр ва тундхӯ аст, метавонад вокуниши тунде ба амниятиҳову пулис нишон диҳад. “Бинобар ин ба ӯ масъаларо фаҳмондам ва медонам бароят бисёр мушкил аст, аммо инҳо мехоҳанд фитнае роҳ андозанд. ахсум посух дод “ман фарҳанги итоат аз роҳбарро дорам ва агар фармони худат намебуд, медонистам бо инҳо чи кор кунам”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *