11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Трамп вуруд аз Аврупо ба Амрикоро манъ кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, эълом кардааст, ки барои маҳори вирус коруно, тамоми сафарҳо аз Аврупо ба Амрикоро аз нимашаби ҷумъаи ин ҳафта барои як моҳ мутаваққиф мекунад. 

Ин манъ шомили Биритониё намешавад. Ҳадди ақал 460 мавриди коруно дар Бритониё шиносоӣ шудааст. 

Трамп гуфт: «барои дур нигоҳ доштани мавридҳои тоза аз марзҳои худ, куллияи сафарҳо аз Аврупо ба Амрикоро мутаваққиф мекунем.» 

Бино бар дастури ҷадид шаҳрвандони Амрико ва бастагони дараҷаи яки онҳо ва низ афроди дорои корти сабзи иқомати доими Амрико, ки барои коруно ба диққат озмоиш шудаанд иҷозаи вуруд хоҳанд дошт. 

Трамп дастури тозаро чаҳоршанбешаб, тайи як нутқи телевизионӣ дар Кохи Сафед эълом кард. Ў тасмими худро сахт, аммо зарурӣ тавсиф кард. 

То кунун 1135 мавриди коруно дар Амрико шиносоӣ шудааст, ки 38 нафари онҳо ҷон бохтаанд. 

Доналд Трамп гуфт, ки ширкатҳои бимадармонии Амрико мувофиқат кардаанд, ки ҳазинаҳои бемории ношӣ аз COVID-19-ро таҳт пӯшиш қарор бидиҳанд. 

Ӯ гуфт ба зудӣ барномаи худ барои кӯмак ба коргаронеро, ки ба ин беморӣ дучор ё ба хотири он карантин мешаванд эълом хоҳад кард ва ба вазорати дороӣ дастур дода, ки дарёфти молиётро аз ашхос ва ширкатҳое, ки ба хотир коруно осеб дидаанд ба таъхир бияндозад. 

Трамп ҳамчунин барномае барои ироаи миллиардҳо доллар вом ба касбукорҳои кӯчакро эълом кард, ки талоше барои маҳдуд кардани таъсири шуйӯъи COVID-19 бар иқтисоди Амрикост. 

Ӯ кунгираро тарғиб ба тасвиби тадобире дар заминаи тахфифи умдаи молиётӣ ба унвони талоше «муҷаддадона ва фарогир» барои муқобила бо ин вирус кард. 

Ӯ гуфт: «мо дар ҳоли басиҷи тамоми тавоноиҳои давлати федерол ва бахши хусусӣ барои ҳифозат аз амрикоиҳо ҳастем.» 

Ҳамзамон вазорати хориҷаи Амрико ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия кардааст дар барномаҳои худ барои сафар ба хориҷ таҷдиди назар кунанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *