Дар Маскав ҷашни Наврӯз баргузор мешавад
Маркази иттилооти Маскав эълом кард, ки рӯзи шанбе ҷашни Наврӯз дар пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст ба ҳамин муносибат як консерт бо ҳунарнамоии хонандагон ва навозандагони кишварҳои мухталиф баргузор шавад.
Ин консерт ба сурати зинда низ пахш хоҳад шуд.
Дар ин барнома ҳамчунин одобу русуми Наврӯз муаррифӣ мешавад.
Ҷашни Наврӯз ҳамчунин дар Тотористон, Бошқирстон, Доғистон ва бархе дигар аз ҷумҳуриҳои миллии Русия баргузор хоҳад шуд.
Барои ҳамоҳангӣ дар баргузории ҷашни Наврӯз дар Маскав, рӯзи чаҳоршанбе 15 май, як нишасти хабарӣ низ дар маркази иттилооти Маскав баргузор шуд.
Масъулон дар ин нишасти хабарӣ эълом карданд, ки талош мешавад ин ҷашн нисбат ба ҳар соли дигар бо шукӯҳтар баргузор шавад.
Маскав мизбони шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна аст ва Наврӯзро ба сурати густурда ҷашн мегиранд.
Дар солҳои гузашта ҳунармандони Тоҷикистон низ дар ин ҷашнҳо ширкат доштанд ва ҳунарнмоӣ карданд.
Ошпазӣ ва таҳияи ширинӣ аз дигар барномаҳои ҷашни Наврӯзи имсол дар Маскав аст.