Дар бебарқӣ аз расиши кӯтоҳи ноқили барқ бозори марказии ноҳияи Панҷ ба дами оташ рафт
Дар маркази савдои бозори марказии ноҳияи Панҷ, ки шаби 18-уми феврал сӯхтор сар зад, чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд ва ба зудӣ бартараф кардани харобаҳо шурӯъ мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19 феврал хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор дар маркази тиҷоратӣ расиши кӯтоҳи ноқили барқ будааст. Сабаби аксари сӯхторҳо дар Тоҷикистон «расиши кӯтоҳи ноқили барқ» гуфта мешавад, дар ҳоле, ки сокинон аз 10то 14 соат дар шабонарӯз барқ надоранд.
Сӯхтор масоҳати 240 метри мураббаъро фаро гирифта, тибқи иттилои расмӣ, 13 нуқтаи фурӯш осеб дидааст. Ба маблаги 30 миллион сомонӣ мол аз сухта нобудшавӣ эмин мондааст.
Тибқи иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ, талафоти одамон ба қайд гирифта нашудааст.
Бори охир дар бозори марказии ноҳияи Панҷ моҳи сентябри соли 2017 сӯхтор рух дода, 36 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафта буд.
Тайи чанд соли ахир дар бозорҳои манотиқи мухталифи Тоҷикистон чандин сӯхтор рух додааст. Тобистони соли 2022 дар натиҷаи сӯхтор дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар як нафар кушта ва 11 нафар захмӣ шуданд. Зарари сӯхтор ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.
Мақомот борҳо иддао кардаанд, ки сӯхтор дар бозор бар асари риоя нашудани қоидаҳои бехатарии сӯхтор рух додааст, аммо тақрибан дар ҳама маврид ҷуброни зиён ба соҳибкорон ва азсаргирии фаъолияти онҳо мояи баҳси мақомот ва қурбониёни сӯхтор боқӣ мондааст. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дар ин шабу рузҳо лимити барқ ҷорӣ аст ва аксари вақт дар 75% қаламрави Тоҷикистон барқ нест.