11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Раҷаб Таййиб Эрдуғон: «Бинёмин Натанёҳу террорист аст»

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, ҳазорон нафар аз аҳолии Ғаззаи Фаластин, дар роҳпаймоии солонаи «бозгашт» бахшида ба чиҳилу дувумин солгарди қатъномаи 194 шӯрои амнияти Созмони милали Муттаҳид  эҷоди имкони бозгашти оворагони Фаластинӣ ба сарзаминҳои ғасбшударо хостор шуданд.

Роҳпаймоии Фаластиниён ёдовари тасмими режими саҳюнистӣ дар заминаи мусодираи 21 ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои Фаластин дар 30 марти соли 1976 буд.

Шаҳрвандони Фаластиние, ки дар ин роҳпаймоӣ ҳеҷ гуна силоҳ дар даст надоштанд, ба самти ҳисори марзие, ки навори Ғаззаро аз заминҳои ишғолшуда дар соли 1948 ҷудо мекунад рафтанд вале бо оташи силоҳи низомиёни саҳюнист, ки бо тирҳои ҷангӣ пур шуда буд, рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа 17 нафар Фаластинӣ шаҳид шуданд.

Ин рафтори низомёни саҳюнистро бисёре аз кишварҳо ва ҳатто иттиҳодияи Аврупо маҳкум карданд вале маҳкумияти ин иқдом аз сӯи Туркия, вокуниши саҳюнистҳоро ба бор овард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия дахолати давлати Амрико барои ҷилавгирӣ аз ваҳшигарии низомёни саҳюнистро хостор шуда ва гуфта буд, ки Туркия то охир аз бародарон ва хоҳарони Фаластинии худ ҳимоят хоҳад кард. Аммо Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроили ишғолгар ҳам дар посух гуфта буд, ки артишаш «ахлоқитарин артиши дунё» аст ва кишваре, ки артишаш солҳост ғайри низомиёнро бомбаборон мекунад (манзур бомбаборони курдҳои Сурия ва Ироқ тавассути ҷангандаҳои Туркия аст), дар ҷойгоҳе нест, ки ба мо дарс омӯзад.

Тибқи хабаргузории Ройтерз Ердуғон ба ин посухи Натанёҳу вокуниш нишон дода гуфт, ки “Натанёҳу як террорист ва раҳбари давлати террористӣ аст”.

Президенти Туркия, ки дар нишасти ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеа дар шаҳри Адана сухан мегуфт, дар идома афзуд: “Ниёзе нест, ки ба ҷаҳониён бигӯем, ки артиши Исроил чӣ қадар золим аст. Бо нигоҳ ба вазъияти Ғазза ва Қудс метавон дид, ки ин давлати террорист чӣ мекунад”.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар идомаи суханони оташини худ, хитоб ба Натанёҳу гуфт: “Ту хеле заиф ҳастӣ ва силоҳи ҳастаӣ наметавонад аз ту дифоъ кунад”.

Режими саҳюнистӣ, ки гумон меравад бузургтарин чоҳҳои ҳастаии Ховари Миёнаро дар ихтиёр дошта бошад, узви NPT нест ва ба ҳеҷ як аз бозрасони байналмилалӣ иҷозаи боздид аз таъсисоти ҳастаии худро намедиҳад.

Эрдуғон, ки артиши кишварашро мавриди ҳуҷуми лафзии Натанёҳу дида буд, аз артишиҳои Туркия ҳам дифоъ карду гуфт: “Мо дар ҳоли мубориза бо террористҳо ҳастем, ба ҳеҷ ваҷҳ сӯи мардуми осоишта тир накушодаем, аммо ин барои ту (Натанёҳу) ҷойи нигаронӣ нест зеро худат раҳбари як давлати террористӣ ҳастӣ”.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *