“Истиқлол” меҳмононро бо як ва “Персеполис” бо се хол гусел карданд
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе шоми дирӯз, 19 сентябр, дар варзишгоҳи аслии кишвар аввалин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 дар гуруҳи “Е” бо тими “Ад- Духайл”-и Қатар бидуни гол ба поён расонд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ, ки байни “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо “Персеполис”-и Эрон дар майдони “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор шуд, тими Роналду бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва дар садри ҷабвали гурӯҳ қарор гирифт.
Дар ҳарду бозӣ ҳам бартарии дастаҳои меҳмон эҳсос мешуд ва соҳибони майдон натавонистанд аз, ба гуфтаи сармураббии “Истиқлол” бозигари 12-ум, яъне мухлисон истифода кунанд.
Дар Душанбе барои тамошои бозӣ дар варзишгоҳи марказии пойтахт 17500 нафар тамошобинон чамъ омада буданд.
Дар Теҳрон, аз дақиқаи 52-ум эрониҳо бо корти сурх гирифтани яке аз бозигаонашон 10 нафар боқӣ монданд. Ду ситораи “Ан-Наср” — Садио Мане ва Криштиану Роналду бозии чандоне нишон надоданд ва дар охири он иваз шуданд.
“Истиқлол” бозиҳои навбатии худро дар Риёз бо “Ан-Наср” рӯзи 2 октябр ва дар Теҳрон бо “Персеполис” рӯзи 24 октябр баргузор мекунад.