Қарз аз андоз 33% афзудааст
Бақияи қарз аз андоз дар Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ — сентябри соли равон ба андозаи қариб 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст
Ҳаҷми қарз аз андоз дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи октябри соли равон ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил додаас.
Дар ин бора мақомоти андози Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали сол қариб 33% ё 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.