11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

$106 млн кумаки Ҷопон ба Афғонистон

Мавлавии Абдулкабир, муовини сиёсии сарвазири Толибон дар дидор бо Такаши Авкото, сафири Ҷопон дар Кобул, хоҳони кумакҳои бештари Токио ба Афғонистон шуд. 

Сафорати Ҷопон дар Кобул, рӯзи сешанбе 6 декабр дар твитте эълом кард, ки 106 миллиону 700 ҳазор доллари дигар ба Афғонистон кумаки башардӯстона мекунад. 

Ҷопон мегӯяд ин кумакҳо барои иҷрои пружаҳои башардӯстона дар Афғонистон ихтисос дода шудааст. 

Сафорати Ҷопон навиштааст: “мо воқеан умедворем, ки ин пружаҳо ба лабхандзадани бисёре аз мардуми Афғонистон кумак кунад. 

Ин кумак дар ҳоле сурат гирифта, ки пештар Созмони милал эълом кард барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба кумакҳои бештари молии кишварҳо ниёз дорад. 

Ба гузориши хабаргузории “Бохтар”, муовини сиёсии сарвазири Толибон дар дидор бо сафири Ҷопон дар Кобул, “бо ишора бар ин ки хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд, хоҳони кумакҳои бештари Ҷопон ба Афғонистон” шуд. 

Ҷопон дар як соли гузашта, аз замони тасаллути Толибон бар Афғонистон, то кунун 335 миллион доллар кумак кардааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *