Кӯчактарин асири режим шояд дигар падарашро набинад
Ӯ ҳамагӣ чаҳор сол дорад. Аммо дарду ранҷу азиятҳое. ки кашидааст, камтар мардуме дидаанд. Тифлест, ки ранҷу озор ва фишорҳои равонӣ ба саратон мубталояш кардаанд.
Ӯ асир аст. Замоне ки зоҳиран ҷанге нест, ӯро метавон асири ҷангӣ номид. Мисли ҳар асири дигар, ки ба дасти фашистони нохалафу ноҷавонмард меафтанд, ҷисману рӯҳан шиканҷа мешавад. Шиканҷааш ҳам сабук нест ва камтар марди болиғе метавонад чунин шиканҷаҳоро таҳаммул кунад.
Ӯ се сол қабл, замоне ки ҳамагӣ як сол дошт, аз падараш ҷудо шуд ва… асир афтод. Ҳамроҳ бо модару бобокалонаш. Бобокалонаш ба шиканҷаҳои равонӣ, ба хусус дидани шиканҷаи келину аберааш тоб наовард ва дунёро падрӯд гуфт. Ва абераи хурдакакашро бо фашистҳо танҳо гузошт. Бобокалонаш ҳамагӣ як сол тоб овард, вале ин тифл се сол аст, ки зери шиканҷа аст ва тоб меоварад.
Бобокалони дуввумаш ҳам аз ғами ин тифли ҷафодида рафт. Қабл аз рафтанаш назди парвардигораш ба умеде, ки агар раҳме дар дили мардони ин режим нест, шояд шафқате дар занонаш бошад, назди Озода Раҳмон рафт. Аммо бо сахтӣ ронданд.
Ин тифл Ҳамза ном дорад. Писари Рӯҳуллоҳ Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ. Ба чеҳраи пур аз ғаму дарди ӯ бингаред
Ин ҳам акси ду сол қабли ӯ:
Падараш орзу дошт мисли шери биёбон Ҳамзаи Абдулмутталиб, амӯи Паёмбар (с) бошад. Аммо ин шери кӯчак ҳанӯз аз шири модар сер нашуда, замоне ки тоза падарашро шинохта буд, ба дасти шағолон асир афтод. Ва шағолон ҳар рӯз ба ҷисми кӯчаки ӯ дандон мезананд. Дандонҳои бадбӯ ва касифи шағолон ба ҷисми поки ин шери кӯчак ворид мешавад. Ва ӯ танҳо бо шағолон меҷангад…
Ба назар мерасад, замони ӯ ҳам фаро расидааст. Ӯ ба саратони ҷанин (эмбриональная карцинома) гирифтор аст. Беморие, ки назираш кам дида мешавад. Болои дарди ҷисмонии худаш дурии падар ва ашкҳои модараш аст, ки дардашро амиқтар кардаанд.
Чаҳорсолагӣ барои фарзанди инсон замонест, ки ба падараш сахт унс мегирад. Ва замонест, ки тоза ба маънии ашк сарфаҳм меравад. Ва Ҳамза дар ҳамин айём қарор дорад. Ӯ дарди тоқатфарсое аз тухмдонҳои варамидааш мекашад, аз дурии падараш ранҷ мебарад ва пайваста ашкҳои модарашро мушоҳида мекунад. Се аламе, ки яктояш барои шикастани рӯҳияи кӯдак кофист.
Ин ҳам акси тухмдонҳои варамидаи Ҳамза, ки бо шиддат бузург мешаванд ва шояд ба зудӣ ба узвҳои дигараш сироят кунанд:
Аммо ранҷҳои ӯ бо ин се тамом намешаванд. Ҳар замон ба хонаи онҳо фашистон ворид мешаванд ва ба модару дигар хешовнадонаш таҳдид мекунанд. Модарашро соатҳо пурсуҷӯ мекунанд ва ба сараш дод мезананду таҳдид мекунанд. Ва Ҳамза ин ҳамаро мебинад.
*********
Модараш мехост ӯро барои табобат ба хориҷа барад, аммо иҷоза надоданд. Маҷбур шуданд ва беморхонаи касалиҳои саратон баранд, чун табибон ташхис кардаву хулоса дода буданд, ки Ҳамза ба саратони ҷанин гирифтор аст. Аммо фашистон дар беморхона ҳам оромаш нагузоштанд. Омаданду бо таҳдид ба табибон ӯро ба шӯъбаи дигар бурданд ва онҷо ҷарроҳӣ карданд.
Баъди ҷарроҳӣ бемориаш авҷ гирифт ва бо шиддат рушд мекунад. Табибон ҳам мегӯянд имкони зинда мондани Ҳамза торафт камтар мешавад.
*********
Вале ӯ ҳамоно асир аст.
Кӯчактарин асир дар дунё…
*************
Ба зудӣ ӯ шояд аз асирӣ наҷот ёбад.
Ва на танҳо аз асирӣ.
Аз ин дунё ҳам.
Дунёе, ки ба дасти нохалафон аст…