Масъалаи пардохти музди меҳнат дар Кӯлоб доғ шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, сари вақт пардохт нашудани музди меҳнати муассисаҳои давлатии буҷетӣ ба масъалаи доғ мубаддал гаштааст. Зиёданд идораҳои давлатие, ки то имрӯз қарздории музди меҳнат доранд.
Ҳоло дар ноҳияи Муъминобод муассисаҳои таҳсилоти миёна ва марказҳои саломатӣ маоши моҳи апрелро нагирифтаанд. Бори аввал нест, ки кормандони шуъбаи маориф ва тандурустӣ ба таъхири пардохти музди корашон рӯ барӯ мешаванд.
Аммо, Тоҷиддин Мирзобаротов, сардори Раёсати молия дар ноҳияи Муъминобод ба сомонаи Пайк гуфта, ки “Айни ҳол дар ноҳия қарздории музди меҳнат нест. Маблағҳои “субъвенсия” сари вақт пардохт намешаванд ва ин яке аз омилҳои асосии қафомонӣ дар додани музди меҳнат мегардад” .
Бино ба иттилои манбаъи хабар Олимҷон Табаров, мудири маорифи ноҳияи Муъминобод гуфтааст: “Феълан 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ маоши моҳи апрелро нагирифтаанд ва чандин маротиб ба раёсати Молияи ноҳия муроҷиат кардем, аммо мегӯянд, ки маблағ нест”.
Субҳон Назаров, иҷрокунандаи сардори раёсати молияи ноҳия гуфтаст, ки дар ноҳияи Фархор ҳоло қарздории музди меҳнат ба 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расидааст, ки 380 000 аз ҳисоби шуъбаи маориф мебошад.
Дар Фархор баробари пардохти маоши моҳи марти омӯзгорон, бо қарори раиси ноҳия Раҳматзода Рустам 5 рӯза пули кории муаллимонро фамъ карда гирифтаанд. Масъулони раёсати Молия гуфтаанд, ки дар ҳақиқат қарори раиси ноҳия баромадааст, аммо худи мудири маориф пулро аз омӯзгорон ҷамъ карда гирифтааст.