11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Трамп назараш дар бораи коруноро иваз кард: «Ҳама бояд ниқоби тиббӣ бипӯшанд!»

Пас аз моҳҳо муқовимат дар баробари ҳушдорҳо ва ғайримуҳим ҷилва додани пандемияи вируси коруно, Трамп сиёсати коруноии худро тағйир додааст. Бо вуҷуди тағйири назар дар сиёсати коруноӣ ва густариши паҳншавии ин вирус, Трамп ҳозир ба интиқод аз амалкарди худ нашудааст.

Трамп дар нишасти матбуотии худ дар Кохи сафед ба бадтар шудани вазъи вобаста аз пандемияи коруна эътироф кард. Раиси ҷумҳури Амркио гуфт: «Эҳтимолан вазъ пеш аз онки беҳтар шавад, бадтар хоҳад шуд.»

Хабаргузории Олмон бо нашри гузорише аз Вашингтон ба мавзӯъи сиёсати нави Доналд Трамп дар робита ба паҳншавии Ковид – 19 дар Амрико пардохтааст.

Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти матбуотиаш нишон аз чархиши ошкори назари вай оиди бӯҳрони коруно дорад. Трамп бори авввал ба ҳама мардуми Амрико тавсия кард, ки аз ниқоби тиббӣ истифода кунанд.

Доналд Трамп то кунун борҳо гуфта буд, ки давлати ӯ ба паҳншавии Ковид – 19 контрол дорад ва аз мудирияти муваффақи худ дар бӯҳрони коронавирус сухан гуфта буд. Ӯ борҳо гуфта буд, ки истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳикоят аз заъфи одам дорад ва худ ба ҷуз чанд маврид аз истифодаи ниқоби тиббӣ парҳез карда буд.

Акнун, дар арафаи интихоботи перзидентӣ (3- ноябр 2020) ва бо таваҷҷуҳ ба ақиб афтодани Трамп дар назарсанҷиҳо нисбат ба рақиби интихоботиаш, Ҷо Байден, ӯ сиёсати коруноии худро бе онки ҳозир ба қаблуи интиқод аз амалкарди худ бошад, тағйир додааст.

«Вазъ метавонад бадтар шавад»

Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки дӯст намедорад дар бораи масоиле ҳамчун бадтар шудани вазъи вобаста аз паҳншавии вируси коруна сухан бигӯяд. Бо вуҷуди ин ногузир ба эътироф ба бадтар шудани бӯҳрони ин вирус дар иёлатҳои ҷанубӣ ва ғарбии Амрико шудааст. Трамп дар айни ҳол ҳушдор додааст, ки паҳншавии вирус метавонад дар дигар иёлатҳо низ афзоиш ёбад.

Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз он, мавзӯъи паҳншавии вируси коруно дар Амрикоро бештар мавзӯи маҳаллӣ ва минтақаӣ медид ва ба рушди иқтисодӣ ва бозгашти зиндагӣ ба риволи оддӣ таъкид дошт.

Акнун дар назари дигаргуна нисбат ба паҳншавии пандемияи коруно ҳушдор дода эълон кардааст, ки давлати ӯ ба иёлатҳое, ки дар асари паҳншавии вирус зарар дидаанд, кӯмак хоҳад кард.

Гузоришҳо аз чанд иёлати Амрико ва ба хусус аз иёлатҳои Техас, Ҷорҷия, Арезона, Флорида ва Калифорния ҳикоят аз он дорад, ки паҳншавии вирус аз контрол хориҷ шудааст.

Рӯзона байни 60 то 77 ҳазор мавриди нави гирифторӣ ба коруно дар Амркио ба қайд гирифта мешавад ва тибқи омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз, ҳар рӯз садҳо нафар дар Амрико дар асари гирифторӣ ба бемории Ковид – 19 ҷони худро аз даст медиҳанд.

Тибқи охирин омор, беш аз 4 миллион нафар дар Амрико ба Ковид – 19 гирифтор шуда ва 145 ҳазор нафар дар асари гирифторӣ ба ин вирус фавтидаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *