Намояндаи Тоҷикистон Кристина Пронженко дар Рио-де-Жанейро имрӯз ҳунарнамоӣ мекунад
Имрӯз соати 18:00 ба вақти Душанбе Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба давидан ба масофаи 200 метр тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.
Бояд зикр кард, ки аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар- Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Дар ин бора ба расонаҳои маҳаллӣ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.