The Guardian: Ибни Салмон рӯйи бозгашти Трамп ба қудрат қимор кардааст
Рӯзномаи “Гардиан”-и Бритониё дар гузорише ба мавзӯъи равобити Арабистони саудӣ ва Иёлоти муттаҳида пардохта ва мегӯяд Муҳаммад ибни Салмон аз бозгашти Доналд Трамп ба қудрат ҳимоят мекунад ва рӯйи ин масъала сармоягузории иқтисодӣ низ кардааст.
Ин рӯзнома дар ин гузориш, ки ба қалами Ҷулиан Бургер, дабири бахши ҷаҳонии ин нашрия аст менависад: “Ҳамзамон бо худдории Арабистони саудӣ барои кумак ба Амрико дар муҷозоти Русия дар пайи ҳамла ба Укроин, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди моҷароҷӯи ин кишвар 2 миллиард доллар дар сандуқи сармоягузории ҷадиде, ки тавассути Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп идора мешавад қарор додааст. Иқдомоте, ки нишон медиҳад валиаҳди саудӣ рӯйи бозгашти Трамп ба қудрат сармоягузорӣ мекунад.”
Давлати Байден дар талош барои мутақоид кардани Риёз барои афзоиши тавлиди нафт ба манзури коҳиши қиматҳо то 30 дарсад ва дар натиҷа маҳдуд кардани даромади давлати Русия, ба думболи роҳҳое аст то ба давлати Арабистон итминон диҳад, ки ба амнияти ин кишвар мутааҳҳид аст. Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки Пентагон дар ҳоли кор бар рӯйи пешнависи баёнияи ҷадиде аст, ки ба тартиботи амнияти Арабистон ва Амрико мепардозанд. Бо ин ҳол нозирон мегӯянд ин баёния эҳтимолан замонатҳои мадди назари саудӣ ва дигар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форсро таъмин намекунад.
Бар асоси гузоришҳо, Муҳаммад ибни Салмон, моҳи гузашта аз посух додан ба тамоси Ҷо Байден худдорӣ кард то норизояти худро аз маҳдудиятҳои Вашингтон барои фурӯши таслиҳот ба саудӣ нишон диҳад. Ҳамчунин ногуфта пайдост, ки рӯйкарди давлати ҷадиди Амрико нисбат ба Ибни Салмон ва давлати саудӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамчун даврони Трамп дӯстона набудааст. Байден ҳамчунин аз мулоқот ва гуфтугӯи ҳузурӣ бо писари подшоҳи Арабистон худдорӣ кардааст.
Дар муқобил аммо ин шоҳзодаи ҷавон нишонаҳоеро аз қимори ӯ барои бозгашти Трамп ба қудрат дар соли 2024 буруз медиҳад. Дархостҳо барои анҷоми таҳқиқот дар бораи сармоягузории ҳангуфти Арабистони саудӣ дар як ширкати саҳоми хусусӣ мутааллиқ ба Ҷаред Кушнер домоди Доналд Трамп матраҳ шудааст. “Сандуқи сармоягузории умумии саудӣ” , ки таҳти контроли валиаҳди Арабистон қарор дорад, дар ширкати “Аффинити партнерз” (Аffinity partners) сармоягузории 2 миллиард долларӣ кардааст. Кушнер домод ва мушовири вижаи Трамп дар замони раёсатҷумҳурии ӯ, баъд аз хурӯҷ аз Кохи сафед, ин ширкатро таъсис кардааст.
Муҳаммад ибни Салмон ҳамчунин ҳушдорҳои мушовирони сандуқи сармоягузории умумии саудӣ дар бораи “бетаҷрибагӣ”-и ширкати “Аффинити партнерз” ва Кушнер дар умури марбут ба саҳомро нодида гирифт ва ин сармоягузориро анҷом дод. Ба вижа, ки Кушнер пеш аз ҳузур дар Кохи сафед дар заминаи амлок (хонаҳо) фаъолият дошта ва собиқаи сармоягузории ӯ чандон муваффақиятомез талаққӣ намешавад.
Борис Риддл, мақоми аршади пешини CIA ва мудири проекти иттилоотии андешкадаи Брукингс дар ин хусус ба Гардиан гуфт: “Мавзӯъ бисёр содда аст. Саудиҳо, ки албатта манзур Муҳаммад ибни Салмон аст, Трампро ба ҷойи Байден интихоб кардаанд? бар сари ин қимори худ ҳам истодаанд.” Риддл дар идома мегӯяд: “Албатта ин аслан аҷиб ва ғайримантиқӣ нест. Трамп ба онҳо ҳарчиро, ки мехостанд, дод; Ҳимояти комил дар Яман, ҳимоят аз қатли Ҷамол Хошоқчӣ ва ҳарон чи, ки аз назари дастрасӣ дар Иёлоти муттаҳида ба он ниёз доштанд.”
Дар ҳамин замина Ҷон Ҷангинз, сафири пешини Бритониё дар Арабистони саудӣ ҳам мегӯяд: “Ман гумон мекунам, ки Bбни Салмон рӯйи пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраӣ ва пас гирифтани муҷаддади раёсатҷумҳурӣ аз сӯи ин ҳизб (чӣ бо Трамп ва чӣ бидуни ӯ) шартбандӣ кардааст.” Ӯ дар идома афзуд: “Валиаҳди саудӣ эҳтимолан фикр мекунад, ки Байден аз назари сиёсӣ заиф аст ва бинобарин метавонад аз паси ӯ барояд. Ин дар воқеъ як сигнал на танҳо ба демократҳо, ки ҳатто ба ҷумҳурихоҳон низ маҳсуб мешавад.”
Демократҳои аршад ба ифшои сармоягузории Арабистони саудӣ дар сандуқи Кушнер бо хашм вокуниш нишон доданд. Сенатор Элизабет Уоррен аз вазорати додгустарӣ хост то “бисёр дақиқ” ғайриқонунӣ будани ин тартиботро баррасӣ кунад.
Дар моҳҳои аввали давлати Трамп, Кушнер дар тағйири ҳимоят аз валиаҳди собиқ, Муҳаммад ибни Наиф ба Муҳаммад ибни Салмон, нақш бисёр муҳимме дошт. Ин ду аз тариқи сервиси паёмрасони Ватсап доиман бо якдигар дар иртибот буданд ва Кушнер яке сарсахттарин ҳомиёни валиаҳд баъд аз моҷарои қатли Ҷамол Хошқчи ба шумор меравад.
Ба ин тартиб ба назар мерасад, ки Муҳаммад ибни Салмон аз бозгашти Трамп ба қудрат ва поёни кори давлати демократ дар Амрико ҳимоят мекунад. Валиаҳди саудӣ умедвор аст то бо канор рафтани демократҳо ӯ бори дигар битавонад барномаҳои баландпарвозонаи худро дар минтақа бидуни мухолифатҳои Амрико ва ҳамчунин бидуни дар назар гирифтани мавзӯъоте чун ҳуқуқи башар пеш бибарад.