Кӯмаки $20 млн.ии Алишер Усмонов барои мубориза бо коруно
Алишер Усмонов барои мубориза бо коронавирус дар Ӯзбекистон 20 миллион доллар ҷудо кард. Дар ин бора шабакаи «Ӯзбекистон 24» хабар додааст.
«Миллиардери машҳур Алишер Усмонов низ ибтикори Президентро дастгирӣ намуда, барои таъмини беморхонаҳо бо навтарин таҷҳизот 20 миллион доллар кумак кард», — омадааст дар хабар.
Муайян шудааст, ки маблағ аллакай ба бунёди ҷамъиятии «Узбекистон меҳр-шафқат ва саломатлик» — и назди Вазорати тандурустӣ равон карда шудааст. Ба шарофати кумаки Усмонов беморхонаи ноҳияи Зангиатини вилояти Тошканд бо таҷҳизоти муосир таъмин мешавад.