Вазорати мудофиа: «Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон чорабиниҳои пешаздаъватӣ доир карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон гузаронида шаванд. Комиссияҳои даъватӣ корро дар ин самт босамар ташкил намуда, меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳаро риоя намоянд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи […]