Пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт
ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, ки 8 июн дар шаҳри Нитсаи […]