ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Аз 12 июн то 4 август кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 июн то 4 август зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Бо мақсади босамар гузаронидани таътили тобистона барои кӯдакону наврасони пойтахт 50 истироҳатгоҳи тобистона […]