Сарвазири Тоҷикистон дар Тошканд бо Президенти Узбекистон мулоқот кард

Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок кард. Форуми мазкур 10 юни соли равон бо сухани ифтитоҳии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз гардида, аҳамияти он барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид шуд.
Зимни суханронии худ Сарвазири Тоҷикистон имкониятҳои мусоиди сармоягузории кишварро муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки дар ҳашт соли охир рушди миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 8,5 фоизро ташкил додааст. Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода ба пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, таъсиси панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ишора намуд.
Ба иттилои Сарвазир, танҳо дар панҷ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 11,6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.
Дар ҳошияи форум Сарвазири мамлакат шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷиро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest 2025”, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи форум мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судмандро ситоиш намуда, дурнамои густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва энергетикиро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти раёсати сарвазирони ду кишвар паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика ва истифодаи самараноки манбаъҳои табиӣ ба нафъи ҳарду кишвар хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube