Оғози давраи дуюми бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ

10-уми июн даври дуюми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оғоз шуд. Ин давр барои довталабоне мебошад, ки дар даври асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 2-юми май) номнавис нашудаанд ё мехоҳанд интихоби худро тағйир диҳанд.
Нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Рашт фаъоланд. Довталабон метавонанд то 30-юми июн ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) пешниҳод намоянд.
Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ гуфт, довталабоне, ки дар даври якум номнавис шудаанд ва мехоҳанд интихоби худро иваз кунанд, метавонанд дар даври дуюм бе пардохти иловагӣ интихобро тағйир диҳанд.
Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ва рақами расиди худро пешниҳод кунанд.
Ҳамчунин, довталабоне, ки мехоҳанд аз имтиҳон даст кашанд, метавонанд дар ин давра бо ариза муроҷиат намуда, маблағи пардохташонро бозпас гиранд.
Даври сеюми бақайдгирӣ барои ҷойҳои холимонда аз 2-юм то 13-уми сентябр баргузор мешавад ва довталабон бо пардохти 30 сомонӣ метавонанд интихоби худро тағйир диҳанд.
Даври чоруми бақайдгирӣ аз 29-уми октябр то 28-уми ноябр идома меёбад ва танҳо шаклҳои таҳсили ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои ММТ, дар даври аввали бақайдгирӣ зиёда аз 107 ҳазор довталаб номнавис шудаанд ва нақшаи қабул дар соли равон 113 ҳазору 884 ҷой мебошад.
Маълумоти бештар ва суроғаҳои нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳру навоҳии кишварро метавон аз Маркази миллии тестӣ дарёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube