11 июня, 2025
# Tags

Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мақсади идома додани татбиқи самти стратегии муайянкардаи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, инчунин таъмини муттаасили дастурҳои пешбинишударо дорад. Ин матлабро Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҷаласаи навбатии Шуро оид ба […]

Байни минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд»-и Тоҷикистон ва «Воронеж»-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Минтақаи озоди иқтисодии  «Суғд»-и Тоҷикистон  ва  Минтақаи озоди иқтисодии «Воронеж»-и Русия, инчунин  Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Воронеж созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Созишномаҳои мазкур  30 май зимни вохӯрии  Раиси вилояти Суғд Раҷаб […]

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дар истифодаи устувори захираҳои об тақвият меёбад

ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи захираҳои об байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳруии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи оби Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибн Иброҳим ал-Абдулкарим дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби […]

Камолиддин Назирзода: «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барои тақвияти ҳамкорӣ такони бузург аст»

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Барои мо ҳамчун мутахассисони соҳа, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул ҳастем, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ниҳоят муҳим аст, зеро дар доираи он имкон пайдо мекунем, ки бо олимону мутахассисони сатҳи минтақавию байналмилалӣ табодули назар ва таҷриба намоем», — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини […]

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Муассисаи таълимии байналмилалии «Оксфорд» (Oxford International Education Group (OIEG) Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ иттилоъ доданд, дар доираи ин санад донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд метавонанд тавассути барномаҳои ин муассиса дар донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ […]

Тоҷикистону Булғористон хостори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир шуданд

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Булғористон хостори таҳкими ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат, хусусан саноат   гардидаанд. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлат  дар меҳвари  мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Булғористон Атанас Зафиров, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор дошт. АМИТ «Ховар» бо […]

Тоҷикистону Эрон 4 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Имрӯз, 29 май дар шаҳри Душанбе Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф 4 санади ҳамкорӣ имзо карданд. Санадҳои имзошуда бахшҳои энергетика, роҳи оҳан, меҳнат ва таъсиси маркази фанновариро дар бар мегиранд. Бино ба иттили расмӣ, санаду ёддоштҳои зерин байни ду давлат имзо шудаанд: – Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи […]

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Шаҳри Душанбе пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон баёнияи муштарак байни Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф ба имзо расид. Ҳамчунин 4 санади дигари ҳамкорӣ табодул карда шуд. — Ёддошти тафоҳум дар бораи иҷрои тарҳи таъсиси Маркази фанноварии […]

Дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ баррасӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Вазирони мудофиаи давлатҳои […]

Шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об дониста мешавад

 ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем,  аз 29 то 31  май  дар шаҳри Душанбе  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мегардад. Конфронс   таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба яке аз масъалаҳои муҳимми вобаста ба захираҳои обӣ ва тағйирёбии иқлими сайёра ҷалб менамояд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, […]