12 июня, 2025
# Tags

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Вақти беҳтарин барои истеъмоли харбуза байни ду таом аст

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон беш аз нуҳ миллион тонна харбуза истеҳсол карда мешавад. Қисми зиёди ҳосил ба таври тару тоза ба фурӯш бароварда мешавад. Дар айни замон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии харбуза оғоз гардидааст. Харбуза зироати гармидӯст буда, дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обиёришавандаю лалмии аз бориш таъмин парвариш карда […]

Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд. Дар даври шаҳрии озмун зиёда аз 100  довталаб дар чор номинатсия иштирок менамоянд. Ғолибон ба даври дуюми озмун роҳхат мегиранд. Ҳадафи Озмуни […]

Барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров: «Шиори мо дар зиндагӣ намунаи ибрат будан аст»

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шиори мо дар зиндагӣ барои дигарон намунаи ибрат будан аст. Чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» Саидвалӣ Тоиров. Тавре қаблан иттилоъ додем, 15 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар […]

Дар ноҳияи Данғара дар 27 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 141,7 фоиз зиёд аст

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар бахшҳои ҷамъиятию деҳқонии ноҳияи Данғара дар 27 ҳазору 820 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   141,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз […]

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Шафтолу меваи сероб буда, таъми хуб дорад ва дар организм зуд ҳал мешавад. Он ба меъда барои ҳазм намудани хӯроки серравған кумак мерасонад. Барои бемориҳои тарбод (ревматизм) ва касалиҳои гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки шафтолуи тару тоза ва консерванамударо ҳамчун хӯроки парҳезӣ […]

Муҳокимаи ноодилонаи Рухшона Ҳакимова мояи нигаронӣ аст

Мери Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон рӯзи 15-уми май дар cӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова изҳори нигаронии амиқ кард ва гуфт, ки ӯ ноҳақ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи феврали имсол хабарнигори 31-сола ва модари ду фарзанди хурдсолро бо гуноҳи «хиёнат ба […]

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 май, шанбе, 137-умин рӯзи соли 2025 аст

17 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ Латифа Ахарбаш мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ имконоти густариши робитаҳои ду давлат баррасӣ шуд. *** 17 майи соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) […]

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 май, панҷшанбе, 135-умин рӯзи соли 2025 аст

15 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъйин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд. *** 15 майи соли 2014 дар […]

Тоҷикистонро гармии шадид интизор аст

Дар Тоҷикистон аз 14 то 17 майи соли равон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст. Дар баъзе минтақаҳо шамол шиддат мегирад ва ҳарорати ҳаво дар баъзе ҷойҳо метавонад ба 41°C расад. Дар вилояти Суғд  ин ҳафта боришот нест, вале ҳаво каме абрнок аст. 17 май дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шамол дар самти шарқ […]

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 май, сешанбе, 133-юмин рӯзи соли 2025 аст

13 майи соли 1940 Боғи ботаникии Помир ифтитоҳ гардид. *** 13 майи соли 2010 аввалин маротиба дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. *** 13 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2010 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. *** 13 майи […]